ПАРЧАМ - РАМЗИ ШАРАФ ВА ЯГОНАГИИ МИЛЛАТ
Парчами миллии Тоҷикистон рамзи давлатдории мо дар ҷаҳон аст, ки он бо ҳамин шакл 34-сол қабл дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва қабул гардидааст. Парчами Тоҷикистон ин нишони аввалини давлати мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24-уми ноябри соли 1992 қабулу расман тасдиқ карда шудааст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Парчами давлатӣ, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон ва тоҷикистониён аст, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, таҷассумгари дирӯзу имрӯз ва фардои ормонҳои миллии мо мебошад.
Боиси хушнудист, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ қабул шудааст. Ҷашни Парчам аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд.
Бояд гуфт, ки рамзҳо хеле муқаддас мешаванд ва дар баробари ин он аломату рангҳое, ки дар Парчами Тоҷикистон интихоб шудаанд, ҳар кадоме мазмуну муҳтавои амиқ доранд, ки дар онҳо агар аз як тараф гузаштаи кишвари мо, яъне принсипи таърихият ба эътибор гирифта шуда бошад, аз тарафи дигар меросбарии арзишҳои фарҳангию ахлоқӣ, маънавию илмӣ ва арзишҳои дигаре, ки дар гузашта мавҷуд буданд ва мо то ба имрӯз ба онҳо арҷ мегузорем, ифода ёфтаанд.
Парчами давлатии Тоҷикистон аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст, ранги сурх, ранги сафед ва ранги сабз. Ранги сурх – ҳамчун ранги мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлол ифода ёфтааст. Ранги сафед – рамзи бахту иқболи сафед ва покизагӣ аст. Ранги сабз – нишонаи саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ва тан мебошад. Акси тоҷ дар Парчами давлатӣ – маънои соҳибдавлатӣ ва анъанаҳои бузурги давлатдории ниёгонро ифода мекунад. Ҳафт ситораи акси парчам маънии моҳияти олами ҳастиро ифода мекунад.
Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки зери ин ливо мутаҳид бошем, ҳамеша ва дар ҳама ҷо онро пос дорем, барои ҳимоя ва поку муқаддас нигоҳ доштани он бо ҳама ҳастӣ омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ, ин пос доштани Ватан, аҷдод ва таъриху суннатҳои халқи кишвар мебошад. Мо бояд бо ин парчам ифтихор кунем ва бошад, ки он то абад парафшон ва пойдор бимонад.
Таҷрибаи гузаштаи миллати тоҷик агар аз як тараф боиси ифтихори халқи тоҷик бошад, аз тарафи дигар асоси ҳастӣ, пойдорӣ ва давлатдории ин миллати соҳибтамаддун аст.
Парчам дар тӯли таърихи миллати тоҷик нақши муҳим дошт. Парчами давлатӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар кишвару ҳар халқ аст. Рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин. Парчами давлатӣ ифтихор, нанг, шарафи ҳар мамлакат ва сокинони он аст.
Парчами давлатӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Ҳусни ин симо, наҷобати ин симо, мазмуну мароми ин симоро нишон медиҳад. Парчами имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки 34 сол боз давлати Тоҷикистону халқи тоҷикро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати мустақили демократӣ, ҳуқуқбунёд ва соҳибихтиёр муаррифӣ менамояд, ифтихори ҳар соҳибватан аст.
Воқеан, дар Парчам иттиҳоду ҳамбастагӣ ва иттифоқу ҳамдилии халқи тоҷик таҷассум ёфтааст. Парчам ҳамчун ахтари тобону дурахшон, иродаи мустаҳкам ва омили фатҳу кӯшоиши ҳар соҳибватан гардидааст. Дар миқёси ҷаҳон, дар доираи мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, ҳамоишҳои гуногуни илмӣ ва фарҳангӣ ба шарофати дастоварду комёбиҳои беназири соҳибватанонамон ҳамарӯза Парчами миллӣ парафшон мегардад.
Ҳамидзода Исмоил – ходими хурди илмии шуъбаи геокриология ва геоэкологияи Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи АМИТ