ТОҶИКИСТОН ҲАМЧУН ДАВЛАТИ АМНТАРИН: ОМИЛҲОИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ

ааааааааааааааа.png

Сулҳу субот ва амнияти миллӣ барои мустаҳкамшавии мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти махсус дорад. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки бе ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ба қонун ва фаъолияти самараноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ таъмин намешавад. Дастовардҳои муҳими истиқлоли давлатӣ, аз ҷумла сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки ҳамчун арзишҳои асосии давлатдорӣ арзёбӣ мешаванд вазифаи доимии давлат ва ҷомеа аст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси намояндагони кишвар масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи сулҳу субот ва тамомияти арзии кишварро ҳамчун самтҳои доимии сиёсати давлатӣ зикр менамояд.

Аз нигоҳи мантиқӣ ибораҳои сулҳу субот ва амнияти миллӣ байни ҳам вобастаанд, масалан сулҳ суботи сиёсиро таъмин мекунад, суботи сиёсӣ шароити рушди иқтисодиро фароҳам меоварад ва рушди иқтисодӣ дар навбати худ амнияти иҷтимоиро мустаҳкам менамояд. Ин занҷири мантиқӣ нишон медиҳад, ки ҳифзи сулҳу субот на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки вазифаи ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа мебошад.

Дар чунин шароит, санаи 27 ноябри соли 2026 мувофиқи шохиси ҷаҳонии “Қонун ва тартибот”- и Пажуҳишгоҳи амрикоии “Gallup”, ки натиҷаҳои назарсанҷии соли 2025 - ро инъикос менамояд, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гирифтани 96 хол аз 100 холи имконпазир дар байни 140 давлат ва қаламрави таҳқиқшуда мақоми якумро ишғол намудааст. Ин маълумот дар сомонаи (Global Safety Report) барои соли 2026 нашр шудааст. Дар асоси пурсиши суолҳо аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки қисмати зиёди посухҳо мусбатанд ва холҳои баландтар ишора ба онанд, ки ҳиссаи зиёдтари аҳолӣ худро бехатар эҳсос мекунад.

Бояд гуфт, ки чунин натиҷаи назаррас на танҳо ба сифати муҳити амниятии кишвар, балки барои муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди сайёҳӣ ва тақвияти эътимоди шаҳрвандон аҳамияти амалӣ дорад.

Агар мо ба солҳои қаблӣ назар андозем мушоҳида хоҳем кард, ки мувофиқи маълумоти Институти Gallup, нишондиҳандаҳои Тоҷикистон аз соли 2018 инҷониб дар сатҳи беш аз 90 хол қарор доранд, ки ин омил устувории нисбии вазъи амниятии кишварро нишон медиҳад. Дар соли 2022 Тоҷикистон бо 96 хол пешсафи ҷаҳонӣ буд, дар соли 2023 низ ҳамин холро нигоҳ дошт, дар соли 2024 ба 97 хол расид ва дар соли 2025 бо 96 хол мақоми якумро ҳифз намудааст.

Ин натиҷаҳо нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон на дар асоси як соли мушаххас, балки дар давоми чанд соли охир ташаккул ёфтаанд.

Дар байни кишварҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дорад, зеро Тоҷикистон бо 96 хол пешсафи минтақаи пасошӯравӣ ва Авруосиё аст. Пажуҳишгар ва коршиноси соҳа Зиёев С.Н. дар мақолаи худ ин нуқтаро чунин овардааст, ки “дар муқоиса бо кишварҳои пешрафтаи олам, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлатҳое, ки анъанавӣ бо низоми сахти амниятӣ ва сатҳи баланди зиндагӣ машҳуранд, пеш гузаштааст. Масалан, Сингапур ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бо 95 хол дар зинаи дуюм, Ветнам бо 94 хол дар зинаи сеюм, Баҳрайн ва Исландия бо 93 хол дар зинаҳои баъдӣ қарор гирифтаанд”.

Ин дастовард бозгӯи сатҳи баланди суботу оромӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва эҳсоси амнияти шаҳрвандон дар кишвар мебошад.

Коршиносони хориҷӣ сулҳу амнияти Тоҷикистонро ҳамчун як муваффақияти муҳими сулҳофаринии минтқавӣ ва шарти асосии рушди устувори кишвар арзёбӣ мекунанд. Ба андешаи онҳо суботи дохилӣ ва ҳамкорӣ бо ҳамсоягон барои таъмини амнияти миллӣ ва рушди иқтисодии кишвар муҳим аст.

Чи тавре, ки дар боло ишора намудем натиҷаҳои Gallup, дар бораи амнияти Тоҷикистон ба рушди соҳаи сайёҳӣ таъсири мусбат мерасонад. Онҳо эътимоди сайёҳони хориҷӣ ва дохилиро ба кишвар баланд мебардоранд, зеро масъалаи сулҳу амният, яке аз шарти асосии интихоби мақсади сайёҳӣ аст.

Мувофиқи омори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, танҳо дар нимсолаи якуми соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 889 ҳазору 400 нафар сайёҳи хориҷӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 16,7 фоиз зиёд мебошад. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давраи ҳисоботӣ ба Тоҷикистон 1 миллиону 63 ҳазору 400 шаҳрванди хориҷӣ ворид гардидааст. Аз ин шумора 806 ҳазору 900 нафар аз давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 82 ҳазору 500 нафар аз давлатҳои хориҷи дур мебошанд.

Агар ба солҳои қаблӣ назар андозем мебинем, ки дар соли 2025 2 миллиону 104,7 ҳазор хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намудаст. Ин нишондиҳанда — 501,4 ҳазор нафар ё 31,3 фоиз нисбати соли қаблӣ зиёд мебошад.

Бояд гуфт, ки маҳз дар сурати баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, омода намудани мутахассисони соҳибкасб дар соҳаи сайёҳӣ, таблиғу муаррифии имкониятҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар Тоҷикистон метавонад ҳамчун кишвари кӯҳӣ, экологӣ, фарҳангӣ ва меҳмоннавоз дар бозори байналмилалии сайёҳӣ мавқеи устувор пайдо кунад.

Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар замони шикасти давлати пуриқтидори Иттиҳоди Шуравӣ ба мушкилиҳои зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ буд, ба қадри сулҳ оромӣ, амният ва ваҳдати миллӣ мерасад. Дар ин радиф мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол низ дар соҳаҳои муҳими ҷамъиятӣ саҳмгузор гардида, ба қадри сулҳу амнияти миллӣ расида, бо дастовардҳои назарраси худ Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоем.

ДОСТИЕВА Диафруз Маҳмадуллоевна, лаборанти калони шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

readers loved this