АМНИЯТ ВА СУБОТИ ИҶТИМОӢ ҲАМЧУН ЗАМИНАИ ҲИФЗИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ: ТАҲЛИЛИ РАВОНӢ-ИҶТИМОИИ ДАСТОВАРДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ааааааааааааааа.png

Амният ва суботи иҷтимоӣ аз ҷумлаи арзишҳои бунёдие мебошанд, ки на танҳо фаъолияти муътадили ниҳодҳои давлатӣ, балки рушди шахсият, ташаккули шуури ҷамъиятӣ, таҳкими муносибатҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳувияти миллиро таъмин менамоянд. Таҷрибаи таърихии халқҳо нишон медиҳад, ки сулҳу оромӣ ва эҳсоси амният аз муҳимтарин шароитҳои рушди фарҳанг, илм, маориф, иқтисодиёт ва идомаи таҷрибаи маънавию фарҳангии наслҳо ба ҳисоб мераванд.

Дар ин замина, натиҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии «Қонун ва тартибот» (Law and Order Index)-и ширкати байналмилалии таҳқиқотӣ ва таҳлилии амрикоии Gallup таваҷҷуҳи махсусро ба худ ҷалб менамояд. Тибқи маълумоти Гузориши ҷаҳонии амният барои соли 2026, Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои пурсиши соли 2025 бо нишондиҳандаи 96 хол аз 100 холи имконпазир дар байни кишварҳои таҳқиқшуда мақоми якумро касб намудааст. Ҷолиби диққат аст, ки кишвар соли дуюм пайиҳам дар ин шохис мақоми пешсафро нигоҳ доштааст. Тибқи маълумоти гузориш, таҳқиқот 140 кишвар ва ҳудуди ҷаҳонро фаро гирифта, дар он 143 620 нафар шахсони синнашон аз 15 боло иштирок намудаанд.

Бояд таъкид намуд, ки шохиси «Қонун ва тартибот» танҳо эҳсоси бехатарии шаҳрвандонро инъикос намекунад, балки дар асоси маҷмуи чор нишондиҳанда ҳисоб карда мешавад, ки он эътимод ба мақомоти полиси маҳаллӣ, эҳсоси амният ҳангоми шабона танҳо гаштан дар маҳалли зист, таҷрибаи дуздии пул ё молу мулк ва таҷрибаи мавриди ҳамла ё ѓоратгарӣ қарор гирифтан мебошад. Аз ин ҷиҳат, 96 хол нишондиҳандаи маҷмуии арзёбии шаҳрвандон оид ба амнияти шахсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ мебошад. Ин нишондиҳандаро набояд бо фоизи шаҳрвандоне, ки худро бехатар эҳсос мекунанд, омехта намуд. Тибқи ҳамин гузориш, 93 фоизи сокинони Тоҷикистон изҳор доштаанд, ки ҳангоми шабона танҳо гаштан дар маҳалли зист худро бехатар эҳсос мекунанд.

Аҳамияти ин дастовард танҳо бо нишондиҳандаи оморӣ маҳдуд намегардад. Онро аз нуқтаи назари психологияи иҷтимоӣ ҳамчун заминаи таҳкими эътимоди ҷамъиятӣ, эҳсоси мансубият ба ҷомеа, масъулияти шаҳрвандӣ ва устувории равонии аҳолӣ низ таҳлил кардан мумкин аст. Дар ин замина, масъалаи асосии таҳқиқот муайян намудани робитаи амнияти иҷтимоӣ бо ҳифзи хотираи фарҳангӣ, идомаи арзишҳои миллӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ мебошад.

1. Амният ҳамчун эҳтиёҷи бунёдии равонии инсон

Дар психология амният эҳтиёҷоти муҳими инсон ба шумор меравад. Абрахам Ҳаролд Маслоу (1908-1970), равоншиноси амрикоӣ, дар назарияи худ амниятро пас аз эҳтиёҷоти физиологӣ дар зинаи дуюми низоми эҳтиёҷоти инсон ҷой додааст. Мутафаккир дар асари машҳури худ «Ҳавасмандӣ ва шахсият» (1954; нашри дуюм - 1970) масъалаи робитаи эҳтиёҷоти инсонро бо рушди шахсият ва фаъолияти ӯ баррасӣ намудааст.

Мувофиқи ақидаи Маслоу, эҳтиёҷ ба амният бо зарурати ҳифзи ҷисмонӣ, суботи муҳити зиндагӣ, пешбинишаванда будани шароити иҷтимоӣ ва озод будан аз тарсу таҳдид алоқаманд мебошад. Қонеъ гардидани ин эҳтиёҷ барои фаъолияти муътадили инсон ва гузариши ӯ ба қонеъ намудани эҳтиёҷоти сатҳи баландтари рушд замина фароҳам меорад.

Аз ин нуқтаи назар, амният танҳо набудани таҳдиди ҷисмонӣ нест. Он ҳолати нисбатан устувори равониест, ки дар он инсон имкони пешбинӣ намудани шароити зиндагӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои худ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеаро эҳсос мекунад. Ба ибораи дигар, амният ба инсон имкон медиҳад, ки муҳити иҷтимоиро на танҳо ҳамчун фазои мавҷудияти худ, балки ҳамчун муҳити муносиб барои фаъолият, рушд ва худтатбиқнамоӣ қабул намояд.

Вақте шахс худро дар муҳити иҷтимоӣ бехатар эҳсос менамояд, имконияти равона намудани неруи маърифатӣ ва эҳсосии ӯ ба фаъолияти меҳнатӣ, омӯзиш, эҷодкорӣ, тарбияи фарзандон ва муносибатҳои созанда бештар мегардад. Баръакс, эҳсоси доимии таҳдид метавонад боиси ташвиш, нобоварӣ, канораҷӯии иҷтимоӣ ва маҳдуд гардидани ташаббуси шахсӣ гардад. Албатта, дараҷаи таъсири ин омилҳо ба хусусиятҳои шахсият ва шароити мушаххаси иҷтимоӣ низ вобаста мебошад.

Дар ин раванд, натиҷаи бадастовардаи Тоҷикистонро метавон ҳамчун нишондиҳандаи мусбати муҳити иҷтимоии кишвар арзёбӣ намуд. Маънои равонии чунин натиҷа дар он зоҳир мегардад, ки эҳсоси амният метавонад барои фаъолияти созанда, иштироки иҷтимоӣ ва ташаккули муносибати мусбат ба оянда замина фароҳам оварад.

2. Эътимоди иҷтимоӣ ва таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ

Омили муҳими суботи ҷомеа эътимоди иҷтимоӣ мебошад. Эътимод муносибати мураккаби равонию иҷтимоиест, ки дар асоси интизориҳои мусбат, эҳтироми мутақобила, риояи меъёрҳои иҷтимоӣ ва боварӣ ба фаъолияти ниҳодҳои ҷамъиятӣ ташаккул меёбад. Маҳз эътимод ба инсон имкон медиҳад, ки худро ҷузъи ҷомеа эҳсос намуда, дар муносибатҳои ҷамъиятӣ бо масъулият ва омодагӣ ба ҳамкорӣ иштирок кунад.

Дар ин замина, назарияи сармояи иҷтимоии Роберт Дэвид Патнам (таваллуд 1941), сиёсатшинос ва ҷомеашиноси сиёсии амрикоӣ, аҳамияти махсус дорад. Ӯ дар асари худ «Боулинг танҳо: таназзул ва эҳёи ҷомеаи шаҳрвандии Амрико» (2000) сармояи иҷтимоиро бо шабакаҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ, меъёрҳои ҳамкорӣ ва эътимоди иҷтимоӣ алоқаманд медонад.

Мувофиқи ақидаи Патнам, муносибатҳои устувори иҷтимоӣ ва эътимоди байни одамон барои ташаккули ҳамкории ҷамъиятӣ, ҳалли муштараки масъалаҳо ва фаъолияти самараноки ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳамияти муҳим доранд. Аз ин нуқтаи назар, эътимод на танҳо хусусияти муносибатҳои инфиродӣ, балки захираи иҷтимоие мебошад, ки метавонад имкониятҳои ҳамкории одамонро васеъ намояд.

Аз нигоҳи психологияи иҷтимоӣ, эҳсоси амният метавонад муносибати шахсро ба муҳити атроф таѓйир дода, омодагии ӯро барои ҳамкорӣ, иштироки шаҳрвандӣ ва иҷрои масъулиятҳои иҷтимоӣ тақвият бахшад. Ҳамзамон, эътимоди иҷтимоӣ ва эҳсоси амният муносибати мутақобила доранд, зеро муҳити боэътимоди иҷтимоӣ метавонад ба афзоиши эҳсоси бехатарӣ мусоидат намояд ва эҳсоси бехатарӣ, дар навбати худ, барои таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ шароити мусоид фароҳам оварад.

Дар мавриди Тоҷикистон ин масъала аҳамияти хос дорад. Зеро сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ на танҳо арзишҳои сиёсӣ, балки заминаҳои муҳими ташаккули шуури ҷамъиятӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳифзи ҳамбастагии миллӣ мебошанд. Бинобар ин, дастоварди кишварро дар шохиси мазкур метавон ҳамчун имконияти мусоид барои таҳкими минбаъдаи эътимоди ҷамъиятӣ ва рушди муносибатҳои созандаи иҷтимоӣ баррасӣ намуд.

3. Амният ва ҳифзи ҳувияти миллӣ

Ҳувияти миллӣ падидаи мураккаби равонию иҷтимоӣ буда, дар заминаи хотираи таърихӣ, забон, фарҳанг, арзишҳо, анъанаҳо ва эҳсоси мансубияти шахс ба ҷомеаи миллӣ ташаккул меёбад. Барои устувории он танҳо мавҷудияти мероси фарҳангӣ кофӣ нест, муҳити иҷтимоие низ зарур аст, ки дар он арзишҳои миллӣ ҳифз, аз нав маънидод ва ба наслҳои оянда интиқол дода шаванд.

Дар ин замина, назарияи хотираи дастаҷамъии Морис Ҳалбвакс (1877-1945), ҷомеашиноси фаронсавӣ, аҳамияти назариявӣ дорад. Ӯ дар асари худ «Дар бораи хотираи дастаҷамъӣ» (1992) масъалаи вобастагии хотираи инсонро аз муҳити иҷтимоӣ баррасӣ намудааст. Мувофиқи афкори ӯ, хотираи шахсӣ дар доираи гурӯҳҳо ва муносибатҳои иҷтимоӣ ташаккул ёфта, тавассути забон, муошират ва таҷрибаи муштараки одамон нигоҳ дошта мешавад.

Ин назария барои фаҳмидани робитаи амният ва ҳувияти миллӣ имконияти муҳими таҳлилӣ фароҳам меорад. Зеро ҳифзи хотираи таърихию фарҳангӣ танҳо нигоҳдории осори гузашта нест, балки раванди доимии азхудкунӣ, бозсозӣ ва интиқоли маъноҳои фарҳангӣ дар ҳаёти ҷомеа мебошад. Дар чунин раванд амнияти иҷтимоӣ ҳамчун шарти мусоид барои идомаи фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ, рушди маориф, истифодаи забони миллӣ ва густариши робитаҳои байнинаслӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад.

Ҷанбаи дигари назариявии ин масъала бо назарияи ҳувияти иҷтимоии Анри Таҷфел (1919-1982), равоншиноси иҷтимоии бритониёӣ, алоқаманд мебошад. Олим дар таҳқиқоти худ нишон додааст, ки мансубияти инсон ба гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар ташаккули худшиносӣ ва арзёбии шахсии ӯ нақши муҳим дорад. Дар асоси ин равиш, ҳувияти иҷтимоӣ қисме аз худшиносии инсон мебошад, ки аз донистани мансубияти ӯ ба гурӯҳи муайян ва аҳамияти эҳсосии ин мансубият ташаккул меёбад.

Татбиқи ин назария ба масъалаи ҳувияти миллӣ имкон медиҳад, ки мансубияти миллӣ на танҳо ҳамчун хусусияти иҷтимоии шахс, балки ҳамчун унсури муҳими худшиносӣ, эҳсоси ҳамбастагӣ ва масъулияти ӯ дар назди ҷомеа баррасӣ гардад. Дар ин замина, муҳити устувори иҷтимоӣ барои нигоҳдорӣ ва инкишофи муносибатҳои фарҳангӣ, эҳтироми мероси таърихӣ ва ташаккули эҳсоси мансубияти миллӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Барои миллати тоҷик ин масъала махсусан муҳим мебошад. Забони тоҷикӣ, осори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Саъдӣ ва Ҷомӣ, анъанаҳои Наврӯз ва дигар арзишҳои таърихию фарҳангӣ ҷузъҳои муҳими хотираи таърихӣ ва ҳувияти миллии тоҷикон мебошанд. Ҳифзи ин мерос танҳо тавассути нигоҳдории расмии осори фарҳангӣ маҳдуд намешавад, балки аз ворид намудани арзишҳои он ба шуури наслҳои нав, тарбияи маънавӣ ва фаъолияти рӯзмарраи ҷомеа вобаста аст.

Аз ин нуқтаи назар, амниятро метавон яке аз шароитҳои муҳими идомаи ҳаёти фарҳангӣ, ҳифзи хотираи таърихӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ арзёбӣ кард. Дар ин замина, робитаи амният ва ҳувияти миллӣ на робитаи мустақими механикӣ, балки муносибати мутақобилаи ду омили муҳими рушди устувори ҷомеа мебошад.

4. Суботи иҷтимоӣ ва масъулияти наслҳои оянда

Масъалаи муҳими психологияи рушди ҷомеа робитаи байни амнияти иҷтимоӣ, муҳити тарбиявӣ ва ташаккули масъулияти наслҳои оянда мебошад. Насли наврас дар муҳити оила, мактаб ва ҷомеа на танҳо дониш ва малака, балки тарзи муносибат ба зиндагӣ, арзишҳои ахлоқӣ, эҳтиром ба дигарон ва масъулияти шаҳрвандиро аз худ мекунад.

Аз нуқтаи назари психологияи инкишоф, ташаккули шахсият раванди бисёрҷанба буда, таҳти таъсири муносибатҳои оилавӣ, таҷрибаи таълимӣ ва муҳити иҷтимоӣ сурат мегирад. Дар муҳити орому устувор имконияти ташаккули муносибатҳои солими байнинаслӣ, интиқоли таҷрибаи ҳаётӣ ва рушди қобилиятҳои маърифатӣ ва эҷодии ҷавонон бештар мегардад.

Дар ин замина, назарияи рушди психоиҷтимоии Эрик Эриксон (1902-1994), равоншиноси олмонӣ аҳамияти назариявӣ дорад. Ӯ дар асари худ «Ҳувият: ҷавонӣ ва бӯҳрон» (1968) ташаккули ҳувиятро ҳамчун масъалаи марказии рушди шахсият баррасӣ намудааст.

Мувофиқи ақидаи ӯ, шахсият дар раванди муносибатҳои иҷтимоӣ, таҷрибаи зиндагӣ ва дарки мавқеи худ дар ҷомеа ташаккул меёбад. Дар давраи наврасӣ ва ҷавонӣ масъалаи муайян намудани ҳувият, интихоби арзишҳо ва дарки мансубияти иҷтимоӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Ин раванд танҳо хусусияти инфиродӣ надорад, балки бо муносибатҳои шахс бо оила, ҷомеа ва муҳити фарҳангӣ алоқаманд мебошад.

Ин назария имкон медиҳад, ки масъалаи амнияти иҷтимоӣ бо ташаккули ҳувияти насли наврас пайванд дода шавад. Зеро муҳити нисбатан устувор ба ҷавонон имконият медиҳад, ки нақши иҷтимоии худро дарк намуда, муносибати бошуурона ба арзишҳои миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ташаккул диҳанд.

Дар ин замина, амнияти ҷомеа танҳо масъалаи имрӯз нест. Он бо ояндаи миллат, сифати тарбияи наслҳо ва имконияти рушди зеҳнию маънавии онҳо робитаи муҳим дорад. Ҷомеае, ки сулҳу суботро ҳифз мекунад, дар баробари фароҳам овардани шароити зиндагии имрӯза, барои наслҳои оянда низ имкониятҳои омӯзиш, меҳнат, фаъолияти созанда ва идомаи мероси фарҳангиро муҳайё месозад.

Ҳамин тавр, амнияти иҷтимоӣ дар робита бо тарбияи наслҳои оянда на танҳо шарти ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, балки омили мусоиди идомаи таҷрибаи таърихию маънавии миллат низ мебошад.

5. Амният ҳамчун сармояи равонӣ ва иҷтимоии миллат

Дар асоси таҳлили назарияҳои равоншиносӣ ва ҷомеашиносӣ метавон чунин хулоса намуд, ки амниятро на танҳо ҳамчун ҳолати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, балки ҳамчун унсури муҳими сармояи равонӣ ва иҷтимоии миллат низ баррасӣ кардан зарур аст.

Сармояи равонӣ дар ин маврид маҷмуи захираҳои эҳсосӣ, маърифатӣ ва иродавии шахсиятро ифода мекунад, ки ба инсон имкон медиҳанд дар муҳити иҷтимоӣ худро бехатар эҳсос намуда, бо боварӣ ба оянда фаъолият кунад. Сармояи иҷтимоӣ бошад, бо эътимоди байниҳамдигарӣ, робитаҳои ҷамъиятӣ, меъёрҳои ҳамкорӣ ва омодагии шаҳрвандон ба иштироки созанда дар ҳаёти ҷомеа алоқаманд мебошад.

Аз ҳамин ҷиҳат, амният ва суботи иҷтимоӣ метавонанд барои ташаккули як силсилаи ба ҳам алоқаманди равандҳои иҷтимоӣ ва равонӣ замина фароҳам оваранд: амнияти иҷтимоӣ → эътимоди ҷамъиятӣ → ҳамбастагии шаҳрвандӣ → ҳифзи хотираи фарҳангӣ → таҳкими ҳувияти миллӣ → масъулияти иҷтимоии наслҳо.

Ин пайдарпайӣ модели консептуалии моро ифода намуда, робитаи байни муҳити амниятӣ, захираҳои равонии ҷомеа ва идомаи арзишҳои миллиро шарҳ медиҳад. Албатта, ҳар як унсури ин низом таҳти таъсири омилҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва тарбиявӣ низ қарор дорад.

Дар ин замина, дастоварди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии «Қонун ва тартибот»-и Gallup аҳамияти на танҳо оморӣ, балки иҷтимоӣ ва маънавӣ низ дорад. Он метавонад ҳамчун омили мусоиди таҳкими обрӯи байналмилалии кишвар, баланд бардоштани эҳсоси ифтихори шаҳрвандӣ ва тақвияти эътимод ба имкониятҳои рушди ҷомеа арзёбӣ гардад.

Ҳамзамон, чунин дастовард масъулияти минбаъдаро низ ба миён мегузорад, яъне ҳифзи субот, такмили фарҳанги ҳуқуқӣ, таҳкими адолати иҷтимоӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани масъулияти ҳар як шаҳрванд. Зеро амнияти устувор танҳо бо фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ таъмин намешавад. Он натиҷаи ҳамкории давлат, ҷомеа, оила ва шахсият буда, иштироки бошууронаи ҳамаи аъзои ҷомеаро тақозо менамояд.

Ба андешаи инҷониб, арзиши муҳими дастоварди мазкур дар он аст, ки масъалаи амниятро метавон аз доираи муносибатҳои ҳуқуқию сиёсӣ берун оварда, бо рушди шахсият, ҳифзи хотираи фарҳангӣ ва идомаи ҳувияти миллӣ пайванд дод. Маҳз чунин муносибати маҷмуӣ имкон медиҳад, ки амният на танҳо ҳамчун шарти оромии ҷомеа, балки ҳамчун заминаи рушди маънавӣ ва фарҳангии миллат дарк карда шавад.

Таҳлили равонӣ-иҷтимоии дастоварди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии «Қонун ва тартибот» нишон медиҳад, ки амният ва суботи иҷтимоӣ аз омилҳои муҳими рушди шахсият, таҳкими эътимоди ҷамъиятӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳифзи ҳувияти миллӣ мебошанд.

Натиҷаи Тоҷикистон бо нишондиҳандаи 96 хол аз 100 дар шохиси мазкур, ки тибқи гузориши Gallup барои соли 2026 аз рӯйи маълумоти соли 2025 муайян шудааст, дастоварди муҳими кишвар ба ҳисоб меравад. Он ҳамзамон имконият медиҳад, ки нақши муҳити амниятӣ дар рушди фарҳанги сулҳ, таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳамбастагии иҷтимоӣ аз нигоҳи илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирад.

Таҳлили назарияҳои Абрахам Маслоу, Роберт Патнам, Морис Ҳалбвакс, Анри Таҷфел ва Эрик Эриксон нишон медиҳад, ки амният бо эҳтиёҷоти бунёдии инсон, эътимоди иҷтимоӣ, хотираи дастаҷамъӣ ва ташаккули ҳувияти шахсият робитаи муҳим дорад. Маҳз дар муҳити нисбатан устувори иҷтимоӣ имкониятҳои ҳифзи мероси фарҳангӣ, интиқоли арзишҳои миллӣ ва тарбияи наслҳои масъулиятшинос бештар мегарданд.

Дар маҷмуъ, метавон таъкид намуд, ки амният танҳо шарти оромии зиндагии имрӯза нест, балки заминаи муҳими идомаи ҳаёти маънавию фарҳангии миллат низ мебошад. Дарки ин масъала аз он ҷиҳат муҳим аст, ки ҳифзи ҳувияти миллӣ бе нигоҳдории хотираи таърихӣ, интиқоли арзишҳои фарҳангӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди наслҳои оянда имконнопазир аст.

Сулҳу субот шарти зиндагии шоиста, амният заминаи эътимоди иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ омили муҳими бақои маънавию фарҳангии миллат мебошад.

ФАЙЗАЛИЗОДА Ҷумахон Хол - сарходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор.

readers loved this