НАҚШИ ПИРЯХҲО ДАР ТАШАККУЛЁБИИ ДАРЁҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Piryah-2.jpg

Пиряхҳо яке аз муҳимтарин унсурҳои табиӣ дар низоми гидрологии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд. Ин минтақа асосан дорои иқлими хушк ва камбориш аст, бинобар ин манбаъҳои доимии об хеле маҳдуд мебошанд. Дар чунин шароит пиряхҳо ҳамчун захираи бузурги оби ширин хизмат мекунанд. Бештар пиряхҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва силсилакӯҳҳои Помир ҷойгир шудаанд.

Пиряхҳо аз ҷамъшавии барф дар давоми садсолаҳо ва ҳатто ҳазорсолаҳо ба вуҷуд меоянд. Барфи бисёрсолаи фишурда тадриҷан ба ях табдил меёбад ва дар натиҷа қабатҳои ғафси ях ба вуҷуд меоянд. Дар фасли зимистон барф дар болои пиряхҳо ҷамъ шуда, дар фасли тобистон қисми муайяни он об мешавад. Пиряхи Федченко калонтарин пиряхи Тоҷикистон мебошад ки, зиёда аз 70 км дарозӣ ва 3 км паҳноӣ дорад. Ин пирях ҳамчун анбори бузурги об барои дарёҳои поёноб хизмат мекунад.

Ин обшавии тадриҷӣ ба ташаккули ҷӯйҳо, кулҳои пиряхӣ ва дарёҳои кӯҳӣ оварда мерасонад. Маҳз ҳамин раванд боис мегардад, ки дарёҳо дар давоми тамоми сол бо об таъмин бошанд. Бисёр дарёҳои муҳими Осиёи Марказӣ аз минтақаҳои пиряхӣ сарчашма мегиранд. Яке аз чунин дарёҳои бузург Амударё мебошад. Ин дарё аз пайвастшавии якчанд дарёҳои кӯҳӣ ба вуҷуд меояд, ки аксари онҳо аз обҳои пиряхҳо ғизо мегиранд.

Дар фасли тобистон вақте, ки ҳарорати ҳаво баланд мешавад, пиряхҳо бештар об мешаванд. Ин боиси зиёд шудани оби дарёҳо мегардад. Ҳамин давра барои кишоварзӣ ва истифодаи об хеле муҳим аст, зеро растаниҳо ба об бештар ниёз доранд. Ба ҳамин тарз, табиат як низоми мувозинатнокро ба вуҷуд овардааст, ки талаботи инсонро ба об таъмин мекунад.

Пиряхҳо на танҳо манбаи об мебошанд, балки онҳо нақши танзимкунандаи ҷараёни дарёҳоро низ иҷро мекунанд. Агар дарёҳо танҳо аз боришоти борон вобаста мебуданд, ҷараёни онҳо хеле номунтазам мешуд. Масалан, баъди боронҳои зиёд обхезӣ ба вуҷуд меомад ва дар давраи хушксолӣ оби дарёҳо кам мешуд.

Аммо пиряхҳо обро дар шакли ях нигоҳ дошта, тадриҷан онро раҳо мекунанд. Ин раванд боис мегардад, ки ҷараёни дарёҳо нисбатан устувор бошад. Барои минтақаҳои поёноб, ки иқлимашон гарм ва хушк аст, ин хусусият аҳамияти ҳаётӣ дорад.

Нақши пиряхҳо танҳо бо таъмини об маҳдуд намешавад. Онҳо барои рушди иқтисодии кишварҳои минтақа низ аҳамияти калон доранд. Масалан, кишоварзӣ ки яке аз соҳаҳои муҳими иқтисод мебошад аз оби дарёҳо вобаста аст. Бе ин обҳо обёрии заминҳои кишоварзӣ қариб ғайриимкон мегардад.

Ҳамзамон, оби дарёҳо барои истеҳсоли неруи барқ истифода мешавад. Кишварҳои кӯҳӣ аз неругоҳҳои барқи обӣ васеъ истифода мебаранд, ки фаъолияти онҳо аз ҷараёни доимии об вобаста аст.

Дар даҳсолаҳои охир олимон коҳиши масоҳати бисёр пиряхҳоро мушоҳида мекунанд. Сабаби асосии обшавии пирхҳо ин равандҳо мебошнад:

1. Баландшавии ҳарорати ҳаво (афзоиши ҳарорати миёнаи сайёра боиси тезтар об шудани яхҳои пиряхҳо мегардад.)

2. Партови газҳои гулхонаӣ (дуду газҳои корхонаҳо, нақлиёт ва нерӯгоҳҳо гармии атмосфераро зиёд мекунанд. )

3. Буридани ҷангалҳо (кам шудани ҷангалҳо боиси зиёд шудани гази карбон ва тағйирёбии иқлим мегардад.)

4. Ифлосшавии муҳити зист (чанг, дуд ва зарраҳои сиёҳ ба рӯи пиряхҳо нишаста, ҷабби гармии офтобро зиёд мекунанд.)

5. Тағйирёбии боришот ва таъсири радиатсияи офтоб (кам шудани барфрезӣ ва зиёд шудани рӯзҳои гарму офтобӣ боиси кам шудани ҳаҷми яхҳо мешавад.)

Ин ҳолатҳо метавонанд барои кишварҳои минтақа мушкилоти ҷиддии экологӣ ва иқтисодӣ ба вуҷуд орад.

Пиряхҳо яке аз унсурҳои асосии табиати Осиёи Марказӣ мебошанд. Онҳо сарчашмаи дарёҳои бузург, танзимкунандаи ҷараёни об, омили рушди иқтисодӣ ва кафили устувории экологии минтақа ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, омӯзиши илмии пиряхҳо ва ҳифзи онҳо аҳамияти хеле калон дорад.

Малахов Сино - лабаранти калони Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи АМИТ

readers loved this