НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛ ВА ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ

Ruzi-Prezident (1).jpg

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад».

Эмомалӣ Раҳмон

Дар моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд”

Дар асоси ин моддаи конститутсионӣ муайян мегардад, ки шакли идоракунӣ дар Тоҷикистон президентӣ буда, дар навбати худ он давлати иҷтимоӣ аст. Шароити муносиби зиндагӣ муҳаё намудан барои шаҳрвандон яке аз вазифаҳои давлати иҷтимоӣ аст. Роҳандозӣ намудани сиёсати иҷтимоӣ дар ҷомеаи кишвар як қатор вазифаҳоро муайян мекунад.

Пас сиёсати иҷтимоии давлат дар шароити муосир аз чӣ иборат аст? Сиёсати иҷтимоии ҳар як давлат ин низоми ҳадафҳо, вазифаҳо, принсипҳо ва тадбирҳоест, ки давлат бо дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои беҳтар кардани тарзи зиндагии шаҳрвандон, таъмини адолати иҷтимоӣ, дастгирии гурӯҳҳои камбизоат ва умуман ба эътидол овардани вазъи иҷтимоии аҳли ҷомеа шароит ба вуҷуд меорад. Яъне муҳаё намудани шароити зиндагии шоиста, таъмини кумак дар мавриди бекорӣ, пирӣ, беморӣ ва ғ. Дар ин маврид метавон вазифаҳои сиёсати иҷтимоиро муайян намуд, ки онҳо иборатанд: таъмини амнияти иҷтимоӣ, таъмини иқтидор ва устувории сиёсии ҳукумат, эътирофи моликияти хусусӣ аз ҷониби давлат, муҳаё намудани шароити бехатарии меҳнат, эътирофи ҳуқуқи баробари ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва ғ.

Истиқлолияти сиёсӣ дастоварди беназире буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он ноил гардид. Ин падидаи нодир, омили муҳими таъсирбахш барои рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангии кишвар гардид. Истиқлолияти давлатӣ имконият фароҳам овард, ки давлат ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсати иҷтимоии худро муайян кунад ва онро дар амал татбиқ намояд. Дар моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон, ки ваколат ва салоҳиятҳои Президентро муайян мекунад омадааст, ки Президент самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро муайян мекунад. (Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон, моддаи 69).

Дар татбиқи сиёсати иҷтимоӣ, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст. Дар асоси татбиқи сиёсати иҷтимоӣ, дар даврони соҳибистиқлолӣ, ҳамгироӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ба вуҷуд омад, шароити хуб баҳри ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон омода карда шуда, дар баробари фаъол гардидани ниҳодҳои иҷтимоӣ вазъи иҷтимоии аҳолӣ низ ба эътидол омад. Умуман, моҳият ва арзиши модели давлати иҷтимоӣ дар он зоҳир меёбад, ки дар он шаҳрвандон ҳуқуқҳои бунёдии худро дарк мекунанд, барои рушди шахсияти ҳар як фард имконият фароҳам меояд ва ҳар як шаҳрванд масъулияти шахсӣ ва иҷтимоии худро дар ҷомеа баҳри беҳбуди моддии худ мешиносад. Чуноне қайд намудем, барои татбиқи сиёсати иҷтимоӣ, сохтори сиёсии ҳар як давлат ҳадаф ва вазифаҳои худро доро мебошад. Дар ин раванд, яке аз падидаҳои муҳимми амалишавии сиёсати иҷтимоӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо сарварии Пешвои миллат аз он иборат буд, ки он ба даст овардани оромӣ, коркарди барномаҳои барҳамзании камбизоатӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, ба таҳсил фаро гирифтани шаҳрвандон, аз хидмати тиббӣ баҳравар гардидани мардум, бунёди муассисаҳои таълимию тиббӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолии хурду бузург ҷиҳати тадриҷан бо ҷои кор таъмин намудани аҳолӣ ва ғ.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вазъи мусоиде, ки барои рушди сиёсати иҷтимоӣ дар кишвар мусоидат намуд, ваҳдати миллӣ буд, ки он ҳамчун заминаи бунёдӣ барои рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар гардид: «Вақте дар бораи дастовардҳои кишвар гап мезанем, набояд фаромӯш кард, ки заминаи асосии рушди бонизоми Тоҷикистон ваҳдати миллӣ мебошад. Ин дастоварди мустаҳками мо аст, ки барои пешравии давлат имконият фароҳам меорад. Маҳз ваҳдати миллӣ тавонист, ки ба манбаи асосии стратегии рушди давлат қарор гирад».(Шоисматуллоев Ш. Таджикистан в годы независимости: социальные и социокультурные трансформации. Душанбе. 2018.С.73).

Таваҷҷуҳи хосса намудан ба ҳаёти иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии шаҳрвандон пеш аз ҳама дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд. Чуноне донишманди тоҷик Назри Яздонӣ қайд мекунанд: «Дар паёмҳои чанд соли охир истилоҳҳои "рушди нерӯи инсонӣ", "беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ", "зиндагии шоиста", "ҳамқадами илму технологияи муосир будан", таъбирҳои илму дониш, маърифат, одобу ахлоқ, муоширати шоиста ва монанди инҳо дар баробари таъбирҳои рушду тараққии саноат, саноатикунонии кишоварзӣ, дар маркази диққати ҳамешагӣ доштани саломатии миллат, ки дар ҳуҷҷатҳои стратегии сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун сармояи давлат шинохта шудааст, ба ҳукми таъбиру калимаҳои калидӣ дида мешаванд». (Назри Яздонӣ. Рушди нерӯи инсонӣ ва қудратҳои зеҳнӣ дар партави Паём. Манбаи электронӣ:http://harakat.tj/main/ciyosat/32398-rushdi-nerui-inson-vaudratoi-zen-dar-partavi-paem.html)

Дар ин раванд, яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии кишвар рушди соҳаи маориф мебошад. Дар солҳои аввали истиқлолият вобаста ба нооромиҳо базаи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимии кишвар заиф гардида буданд. Маълум аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ таваҷчуҳи хосса ба базаи моддию техникии муассисаҳои таълимиӣ дода шуд, ки ин масъала дар партави сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат қарор гирифта буд. Бунёди мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ далели ин гуфтаҳост. Ҳамзамон, шароити муосир талаб менамояд, ки насли муосир, насли огоҳ ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати маънавию фарҳангӣ бошад. Рушди технологияи муосир ба он водор мекунад, насли ҷавон бояд аз ҷиҳати технологияи пешрафтаи замони муосир босавод бошад.

Дар ин замина, дар сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат соҳаи маориф ва бомаърифат ва соҳибкасб гардидани насли ҷавон ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар авлавият қарор дорад. Чуноне Сарвари давлат қайд намудаанд: «Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем».

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор гирифтааст. Перезиденти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда буданд: «Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа - ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст». Ин албатта бесабаб нест. Бешубҳа, модели давлати иҷтимоӣ, он воқеиятро талаб мекунад, ки манфиатҳо ва ҳуқуқҳои тамоми қишрҳои ҷомеа ҳимоя карда шаванд ва вазъи иҷтимоии мардум дастгирӣ ёбад.

Ҳамин тариқ, яке аз масъалаҳои калидии рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ ба вуҷуд овардани сиёсати мутамарказ, ки ба фароҳам овардани шароит баҳри коҳиши нобаробарии ҷомеа, баланд бардоштани амнияти молиявии шаҳрвандони кишвар, мавҷудияти равандҳои истеҳсолиро таъмин менамояд, боқӣ мемонад. Маҳз дастгирии давлат дар ҳаёти иқтисодии кишвар баҳри риоя ва рушди сиёсати иҷтимоӣ мебошад, ки саҳми корхонаҳои давлатӣ, ташкилот ва созмонҳои ғайридавлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ дар пиёда гардидани ин сиёсат назаррас мебошад. Ин аст, ки дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дар кишвар саҳми корхонаҳои ғайридавлатӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Соҳибкорони ватанӣ дар бунёди роҳҳо, муассисаҳои таълимию тиббӣ ва дастгирии табақаҳои ниёзманд саҳми худро мегузоранд. Чунин иқдомҳои соҳибкорони бонангу номуси ватанӣ борҳо аз ҷониби Пешвои миллат сазовори таҳсину офарин гардидаанд.

Яке аз ҷанбаҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат бо сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии табақаҳои ниёзманди кишвар мебошад. Ятимону бепарасторон аз ҷониби давлат дастгирӣ меёбанд ва онҳо ҳам аз ҷиҳати моддӣ таъмин гардида ва боз ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Инчунин аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо ҷудо карда мешаванд. Ҳамзамон тадриҷан, нафақапулиҳо, музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо зиёд карда мешаванд.

Ҳамаи ин талошҳо бо иқдомҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки барои фароҳам овардани шароит баҳри барҳам додани нобаробарӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, инчунин баланд бардоштани амнияти моддиву молиявии шаҳрвандони кишвар ва некуаҳволии онҳо мебошад, равона гардидааст. Ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини имтиёзҳои иҷтимоии конститутсионии шаҳрвандон кӯшиш намуда, барои тақвияти модели давлати иҷтимоии муваффақ қадам ба қадам пеш меравад.

Зокирзода Нусратулло Мелик -мудири кафераи фалсафаи Раёсати тайёр кардани кадрҳои илмии Раёсати АМИТ, номзади илмҳои фалсафа.

readers loved this