ТАҲЛИЛИ ИЛМИИ КИТОБИ ДАРСИИ АКАДЕМИК ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТЗОДА ВА КАРОМАТУЛЛОҲ ҚАЛАНДАРЗОДА «САРВАРШИНОСӢ ДАР АСОСИ МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ»
Китоби дарсии Қобилҷон Хушвахтзода ва Кароматуллоҳ Қаландарзода таҳти унвони «Сарваршиносӣ дар асоси мактаби давлатдории Пешвои миллат», ки соли 2026 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби нашриёти «ЭР-граф» ба табъ расида, аз 516 саҳифа иборат мебошад, ба яке аз масъалаҳои муҳимми илми муосири сиёсӣ, давлатшиносӣ ва идоракунии давлатӣ – сарварии сиёсӣ, нақши шахсият дар ташаккули давлатдории миллӣ ва хусусиятҳои мактаби давлатдории муосири Тоҷикистон бахшида шудааст.
Дар шароити муосири рушди муносибатҳои сиёсӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ташаккули низоми устувори идоракунии давлатӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷомеа омӯзиши масъалаҳои сарварии сиёсӣ аҳаммияти махсуси илмӣ ва амалӣ касб менамояд. Аз ин лиҳоз, таҳияи чунин асари илмӣ-таълимӣ саривақтӣ буда, ба талаботи замони муосир ва зарурати омӯзиши равандҳои ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ мутобиқат менамояд.
Муаллифон дар асари мазкур кӯшиш намудаанд, ки масъалаҳои сарварии сиёсиро на танҳо ҳамчун падидаи назариявии илми сиёсатшиносӣ, балки ҳамчун омили муҳимми ташаккул, таҳким ва рушди давлатдории миллӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳанд. Арзиши муҳимми китоб дар он ифода меёбад, ки масъалаҳои мазкур дар асоси таҳлили воқеаҳои таърихӣ, равандҳои сиёсӣ, таҷрибаи давлатсозӣ ва хусусиятҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд.
Яке аз ҷанбаҳои муҳимми илмии китоб баррасии ҳамаҷонибаи моҳият, хусусият ва нақши сарварии сиёсӣ дар низоми давлатдорӣ мебошад. Муаллифон бо такя ба маводи назариявӣ ва таҷрибаи таърихию сиёсӣ кӯшиш намудаанд, ки хусусиятҳои асосии сарварии сиёсӣ, нақши шахсияти сарвар дар ташаккули низоми идоракунии давлатӣ, таъмини суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату ҷомеаро муайян ва асоснок намоянд.
Дар китоб ба масъалаи ташаккули мактаби давлатдории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Аз ин нуқтаи назар, таҷрибаи таърихии барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, ташаккули ниҳодҳои давлатдорӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ин равиш имкон медиҳад, ки хонанда бо марҳилаҳои муҳимми ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ, хусусиятҳои роҳбарии сиёсӣ ва нақши сарвар дар пешбурди сиёсати дохилию хориҷии давлат шинос гардад.
Қобили зикр аст, ки муаллифон дар таҳияи китоб масъалаҳои назариявию методологии сарварии сиёсиро бо таҷрибаи амалии давлатсозӣ пайваст намудаанд. Маҳз чунин муносибат ба асар хусусияти фарогир ва аҳаммияти баланди таълимию тарбиявӣ мебахшад. Маводи пешниҳодшуда барои дарки робитаи мутақобилаи сарварии сиёсӣ, идоракунии давлатӣ, масъулияти сиёсӣ, манфиатҳои миллӣ ва рушди устувори ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад.
Аз ҷиҳати сохторӣ низ китоб бо фарогирии доираи васеи масъалаҳои марбут ба сарварии сиёсӣ ва давлатдорӣ ҷолиби таваҷҷуҳ мебошад. Муаллифон мавзӯъҳои гуногунро дар доираи фаслу бахшҳои алоҳида ба низом дароварда, барои пайдарпай ва мантиқӣ азхуд намудани маводи таълимӣ шароити зарурӣ муҳайё кардаанд. Истифодаи маводи таърихӣ, таҳлилҳои сиёсӣ ва таҷрибаи давлатдории миллӣ имконият медиҳад, ки масъалаҳои баррасишаванда аз нигоҳи илмӣ ва амалӣ беҳтар дарк карда шаванд.
Ҷанбаи дигари мусбати китоб дар аҳаммияти маърифатӣ ва тарбиявии он ифода меёбад. Маводи асар барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ, ватандӯстӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат менамояд. Дар ин замина, китоб метавонад ҳамчун воситаи муассири таълимӣ барои ташаккули ҷаҳонбинии сиёсӣ ва фарҳанги давлатдории насли ҷавон хизмат намояд.
Аз нигоҳи методологӣ, истифодаи муносибати таърихӣ, таҳлили муқоисавӣ, низомнокӣ ва баррасии робитаи назария бо амалияи сиёсӣ ба мукаммалии мазмун ва арзиши илмии асар мусоидат кардааст. Муаллифон тавонистаанд масъалаҳои мураккаби сарварии сиёсӣ ва давлатдориро дар робита бо хусусиятҳои таърихӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳқиқ қарор диҳанд.
Аҳаммияти амалии китоб низ назаррас мебошад. Он метавонад дар раванди таълими фанҳои сиёсатшиносӣ, давлатшиносӣ, таърихи давлатдорӣ, идоракунии давлатӣ ва дигар фанҳои марбут ба соҳаи илмҳои ҷамъиятӣ истифода гардад. Ҳамзамон, маводи он барои донишҷӯён, магистрантон, докторантон, омӯзгорон, муҳаққиқон, кормандони мақомоти давлатӣ ва ҳамаи шахсони ба масъалаҳои рушди давлатдорӣ ва муносибатҳои сиёсӣ таваҷҷуҳдошта муфид мебошад.
Бояд таъкид намуд, ки яке аз бартариҳои асосии асари мазкур дар кӯшиши муаллифон ҷиҳати ташаккул додани тасаввуроти муназзам оид ба сарварии сиёсӣ ҳамчун падидаи бисёрҷанба ва омили муҳимми рушди давлатдорӣ ифода меёбад. Маҳз фарогирии масъалаҳои назариявӣ, таърихӣ ва амалии сарварии сиёсӣ имкон медиҳад, ки китоб на танҳо ҳамчун маводи таълимӣ, балки ҳамчун сарчашмаи муфиди омӯзиши масъалаҳои давлатсозӣ ва идоракунии давлатӣ арзёбӣ гардад.
Дар маҷмӯъ, китоби дарсии мазкур бо фарогирии масъалаҳои муҳимми илми сиёсатшиносӣ, муносибати комплексӣ ба омӯзиши сарварии сиёсӣ, истифодаи таҷрибаи давлатдории миллӣ ва аҳаммияти баланди таълимию тарбиявӣ дорои арзиши назаррас мебошад. Асар ба рушди таҳқиқоти илмӣ дар самти омӯзиши сарварии сиёсӣ, давлатдорӣ ва идоракунии давлатӣ мусоидат намуда, метавонад дар ташаккули заминаҳои назариявӣ ва амалии омӯзиши мактаби давлатдории муосири Тоҷикистон нақши муассир дошта бошад.
Хулоса, китоби дарсии Қобилҷон Хушвахтзода ва Кароматуллоҳ Қаландарзода «Сарваршиносӣ дар асоси мактаби давлатдории Пешвои миллат» асари муҳимми илмӣ-таълимӣ буда, аз ҷиҳати мазмун, сохтор, фарогирии масъалаҳои мубрам ва аҳаммияти назариявию амалӣ қобили дастгирӣ ва истифодаи васеъ мебошад. Асар ба талаботи асосии таҳияи адабиёти таълимии соҳаи илмҳои сиёсӣ ҷавобгӯ буда, барои донишҷӯён, магистрантон, докторантон, омӯзгорон ва муҳаққиқони соҳа аҳаммияти махсус дорад.
Бо дарназардошти арзишҳои илмӣ, таълимӣ ва амалии он, китоби мазкур сазовори баҳои мусбати илмӣ буда, барои истифода дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва фаъолияти илмию таълимӣ тавсия карда мешавад.
ҚУРБОНОВА Ширин, сарходими илмии Шуъбаи ИДМ – и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих