ЭҲЁИ ОМӮЗИШИ МАҚОМИ САРВАРШИНОСӢ ДАР ИЛМИ МУОСИР
(Тақриз ба китоби дарсии академик Хушвахтзода Қ.Х. ва н.и.с., дотсент Қаландарзода К.Қ.) САРВАРШИНОСӢ ДАР АСОСИ МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Омӯзиши илмӣ ва таҳлилу баррасии мактаби давлатдории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мавриди таваҷҷуҳи илмӣ қарор гирифтааст. Дар илми ватанӣ таваҷҷуҳ ба омӯзиши мактаби давлатдории Пешвои миллат, торафт афзуда, ин мавзуъ аз доираи баррасиҳои публитсистӣ ба сатҳи таҳқиқоти бунёдии илмӣ баромадааст.
Саволи нахустин ва марказие, ки дар ин самт аз фидоиёни ҳақпарасти илм ва озодихоҳони ѓарбӣ имкони берун ҷастан дорад, ин аст, ки оё дар фазои илмию тамоюли озодманиши демократияи либералии олами муосир, эҳё ва вуҷуди фанни таълимии сарваршиносӣ то кадом сатҳ ба манфиати илмҳои ҷомеашиносӣ дар умум ва давлатдории миллии мо хоса буда метавонад?
Агар ба таҷрибаи талхи давлатдориҳои гузаштаи миллат ва бесару сомониҳои имрӯзи кишвари Ховари Миёна ба чашми хирад ва таҳлил нигарем, бидуни иштибоҳ гуфта метавонем, ки омили аслии гумшавии қудратҳои миллӣ дар замони фарҳанги бузурги тоисломӣ ва баъдан исломӣ маҳз ҳамин набудани эҳтироми тарафайни мардум ва сарвар будааст. Имрӯз низ дар кишварҳои муосири олам, ба вижа дар қисмати Шарқ, ки адами ҳувияти миллӣ, парокандашавии давлатҳо, беқонунӣ ва ҷангу муноқишаҳои мухталифро мушоҳида мекунем, аслан аз ҳамин беэҳтиромӣ нисбат ба Роҳбар ва набудани садоқати тарафайни Ҳукумат ва Халқ хамагӣ оғоз шудаанд.
Дар ҳама давру замон муттаҳидӣ ва ваҳдати Роҳбар бо мардум қуввати истиқлол ва ваҳдати миллӣ, эҳтироми роҳбар ва расидан ба қадри сарвар калиди назму тартиб ва ваҳдати ҷомеаҳо будааст. Ниёгони тоҷик, алораѓми андешаи баъзе, дар давраҳои муайяни давлатдории худ бо ҳамдилию ҳамфикрии қудрати сиёсию мардум намунаи ибрат буда, салтанатҳои оламгири фарҳангию башардӯстонаро рӯи кор овардаанд. Салтанатҳои Пешдодиён, Каёниён, Ҳахоманишҳо ва Сосониён аз зумраи дудмонҳои сиёсии ниёгони миллати мо буданд, ки дар онҳо дарахти ваҳдати ҷомеа дар эҳтироми тарафайни қудрат ва халқ реша дошт. Ориёиҳо дар ин самт ба мардуми дигари олам намунаи ибрат буданд. Ба вижа шохаи ҳиндуориёиҳо.
Падари таърих Геродот дар қатори хислатҳои наҷиби мардуми форс, ки омили қудратмандии давлати онҳо ва шикастнопазирии салтанати Ҳахоманишҳо буд, аз ватандӯстию эҳтироми роҳбарро ба ҷо овардани онҳо борҳо ёдрас шудааст.
Мо, халқи тоҷик, ки даъвои меросбарии тамаддуни ориёиро ҳамчун мардуми эҷодкору созанда ва давлатофар масъалагузорӣ мекунем, бояд сифати меросдиҳандаро дошта бошем. Беҳтарин ва асоситарин сифатҳое, ки форсҳо дар айёми нигаҳдошти бузургтарин салтанатҳои ҷаҳонӣ доштаанд ва ҷиҳати бозомӯзии онҳо юнониёну румиҳо ва дигар мардуми олам асрҳо кӯшиш кардаанд, ин пеш аз ҳама: тарғиб ва омӯзиши илм, тарбияи одоб ва ахлоқ ба фарзандон, такмили маънавӣ ва ҷисмонии кӯдакон, ҳурмату эҳтироми волидон, гиромидошти марзу буми ватан, эҳтироми роҳбари давлат, раҳму шафқат ба мӯҳтоҷон, ростгӯӣ, адлпарастӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба кишвар аст.
Таърихшиноси классики англис Арнольд Тойнби дар рафти таҳқиқи таърихи тамаддунҳо аз Геродот мисол меорад, ки вай чи тавр ҷиҳати ислоҳи вазъияти полисҳои Юнон ва Рум аз қабули таҷрибаи мардуми форс ёдрас мешавад. Ба қавли ӯ: «Форсҳо ба писарбачаҳои худ аз панҷ то бистсола танҳо ва танҳо се илмро таълим медоданд: аспсаворӣ, камонварӣ ва рост гуфтан». Рост гуфтан ҷиҳати баланд бардоштани маънавиёт, аспсавориро барои варзиши бадан ва чусту чолок будан ва тирандозиро баҳри ҳифзи ватан.
Ба андешаи Геродот ва баъдан А. Тойнби маҳз ҳамин хислатҳо ва муттаҳидию ваҳдат атрофии Роҳбари давлат буд, ки мардуми форс чунин салтанатҳои оламгирро бунёд намуд. Ҳатто пас аз истилои Искандар юнониёни ғолиб мафтуни фарҳанги идорӣ ва маданияти мардуми форс гаштанд, мегӯяд муҳаққиқ. Ба андешаи Геродот маѓлубнопазирии форсҳо аз муҳаббат ва муттаҳидӣ атрофи Роҳбари онҳост. Ӯ ривоят мекунад, ки: «Чун киштии Куруш дар баҳр осеб дид ва об зиёд дохили киштӣ мешуд, навкарон ва мушовирони шоҳ якка – якка таъзим ба Шоҳаншоҳ намуда, худро ихтиёрӣ ба об мепартофтанд, то ин ки киштӣ сабук шуда, Шоҳи шоҳонро саломат ба мулк барад».
Ҳадаф аз ин амали навкарон ва мушовирон, ҳифзи ҳаёт ва саломатии Шоҳаншоҳ буд, зеро сиҳатии Шоҳ сиҳатӣ ва амнияти миллат ва давлати Форс буд. Он замон ин хислати мардуми форсро ғарбиён омӯхта, давлатдории худро устувор мегардониданд. Имрӯз бошад моро иддае аз онҳо ёд медиҳанд, ки нисбат ба низоми идоракунӣ ва субъектони идораи давлат аз кунгураи озодиҳо ва шамолҳои ноҳамвори демократикунонӣ бо ҳақталошиҳо заъифиҳо ворид созем. Демократия гуфта, назму тартиб ва ваҳдати иҷтимоиро сарфи назар карда, фаромуш мекунанд, ки асли демократия низому тартибот ва итоати бечуну чаро ба қонуну сарвар аст. Албатта, талаби ҳақ фарзу воҷиб аст, вале эҳтироми қонун, риояи одоби идора, қадршиносӣ аз заҳмати роҳбарон аз он, низ камтар фарзият надорад.
Таърих халқҳо, давлатҳо ва тамаддунҳои зиёди азбайнрафтаро медонад. Мисолҳои зиёде низ дар хусуси он ки халқҳо ва миллатҳо чи тавр тавонистанд дар шароитҳои даҳшатбор мавҷудияти худро нигоҳ доранд, мавҷуданд. Мисри қадим дар давраҳои Шоҳигарии Миёна, Бобулистон дар замони ҳукмронии Хаммураппи, Ҳахоманишинҳо дар давраи ҳукмронии Куруши Кабир, империяи Рум дар давраи Юлий Сезар, давлати Сомониён ҳангоми ҳукмронии Исмоил ибни Аҳмад, Салҷуқиён дар давраи Алп Арслон, Россия дар замони подшоҳии Пётри I, Англия дар давраи О. Кромвел ва ғ. чунин давлатҳои ташаккулёфта буданд, ки халқҳо ва ҳокимони онҳо аз имкониятҳои мавҷуда нисбатан беҳтарашро интихоб намудаанд. Ва аз ҳама асосӣ, халқҳо бар онҳо бовар карданд, ба қадри сарварони фидоӣ расида, онҳоро дастгирӣ намуданд ва атрофи онҳо муттаҳид шуда, иттиҳод ва ваҳдати ҷомеаҳо ва давлатҳоро таъмин карданд. Сарварону мардуми онҳо таҳдидҳо ва фишорҳоро ҳамсон ҳақиқатнигорона дида, ба онҳо ҳадди аксар аниқ ва яксон ҷавоб медоданд.
Аз ҳама асосӣ мардумони онҳо баъдан хизматҳои бузурги таърихсозию давлатдории чунин нухбагони сиёсиро на танҳо азизу гиромӣ доштанд, балки ҳамчун мактаби падарон- асосгузорон чи дар Ғарбу чи дар Шарқ мавриди омузишу эҳтиром қарор доданд.
Имрӯз таърих ба мо чунин имконро дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳайё кардааст. Мо вазифадорем, ки ин навъ кору пайкори қаҳрамонӣ ва фидокориро ҳамчун мактаби хосаи сиёсии сарварӣ на танҳо омӯзем, ба фарзондонамон таълим диҳем, балки бештар аз он ҳамчун намунаи олии ватандорӣ ва сарварӣ барои наслҳои оянда ба некӣ ба ёдгор монем. Зеро хуб медонем, таърих низ собит намуда ва бузургони мо ҳам ба маврид гуфта:
“На ҳар кӣ тарфи кулаҳ каҷ ниҳоду тунд нишаст,
Кулаҳдорию ойини сарварӣ донад”(Ҳофиз).
Таҳлили марҳилаҳои таърихии рушди халқҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳамоҳангӣ ва муттаҳидии халқу миллатҳо бо роҳбарони сиёсии худ аз фишангҳои муҳимми соҳибихтиёрӣ ва рушди устувори онҳо маҳсуб буда, ҷудоӣ ва рақобати онҳо омили парокандашавӣ ва фурӯпошии давлату ҷомеаҳо гаштааст.
Аз ин хотир, ба ҳайси як фанни мустақили таълимӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтани мавзуи сарваршиносӣ, дар асоси мактаби илмии Пешвои миллат, аз назари таҷрибаи сиёсӣ, суботи иҷтимоӣ, амнияти давлатӣ, ваҳдлати миллӣ ва одоби ахлоқию ҳуқуқӣ амри зарурӣ, иқдоми саривақтӣ ва қобили қабул аст. Ин тадбир на танҳо мухолифи равиши озодманишӣ, демократия ва озодиҳо нест, балки бештар аз он нерубахши озодии ҳуқуқӣ, мардумсолории асил аст, ки бо муҳаббат ва эҳтироми тарафайни субъектони сиёсӣ ва иҷтимоӣ ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеаро бо ширеши ѓояи коммуникатсионӣ, инсонмеҳварӣ, волоияти принсипи қонунияти конститутсионӣ ва арҷгузорӣ бо низому тартибот мустаҳкаму побарҷо карда, халқу миллатҳоро дар ҷаҳони ноороми ҷанги манфиатҳо ва лапишҳои флуктатсионии иқтисодӣ дар меҳвари манфиатҳои миллӣ ва соҳибихтиёриаш дар шакли ҳамовозии миллат бо Сарвар қавӣ ва устувор муаррифӣ менамояд.
Демократия дар асл озодии бесарҳад набуда, вай тобеи низому тартибот, реҷаи қонуну қонуният аст, ки дар асоси ахлоқу одоб ва ҳурмату эҳтироми тарафайни субъектони сиёсӣ ва ҳуқуқӣ устувору побарҷост. Дар ин низому тартибот ва нигоҳдошти ҳадди эътидоли озодӣ дар васати адл, мақому мартабаи ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии Сарвари сиёсӣ таърихан дар анъанаи идоракунии шарқ ҷойгоҳи хоса дорад.
Аз ин қарина, ба табъ расидани китоби дарсии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва мудири кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони ДМТ, н.и.с., дотсент Қаландарзода Кароматуллоҳ Қаландар «Сарваршиносӣ дар асоси мактаби давлатдории Пешвои миллат» иқдоми саривақтӣ ва як зуҳуроти нави феноменалӣ, илмӣ тамоюли худмуҳофизатии сиёсӣ ва тарбиявӣ-ҳуқуқӣ буда, дар ҳаёти илмӣ ва таълимии кишвар падидаи муҳим ба ҳисоб меравад.
Китоб, ки аз 515 саҳифа иборат буда, дар нашриёти «Эр-граф» ба табъ расидааст ва 13 ноябри соли 2026 дар маҳфили илмӣ-адабии «Хирад»-и Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ бахшида шуда буд, бамаврид ва арзанда рӯнамоӣ гардид.
Муаллифон аз ин нуктаи ибтидоӣ бармеоянд, ки сарварии сиёсӣ ҳамчун падидаи иҷтимоию сиёсӣ хусусияти куллӣ дорад ва дар ҳар ҷое, ки ҷамъияти инсонӣ вуҷуд дорад, ногузир ҳамчун меҳвари муттаҳидӣ ва ва низому тартибот ташаккул меёбад. Ба андешаи онҳо, дар шароити гузариш аз системаи сиёсии тоталитарӣ ба системаи сиёсии муосири демократӣ мубрамияти омӯзиши ин масъала боз ҳам меафзояд, зеро самтгириҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар бевосита бар уҳдаи сарвар вогузор мешаванд. Ин мулоҳиза барои Тоҷикистон, ки давлатсозиаш дар солҳои аввали истиқлол дар шароити ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, буҳрони амиқи иқтисодӣ ва хатари воқеии пора шудани кишвар оғоз ёфтааст, аҳаммияти бевоситаи амалӣ дорад.
Бо вуҷуди мубрам будани низоми идораи парлумонӣ дар шакли идораи ҷумҳурӣ, маҳз падидаи президентӣ ҳамчун ниҳоди сиёсӣ мувофиқ ба тафаккури сиёсии халқ дар симои сарваре, ки масъулиятро бар душ гирифт, имкон фароҳам овард, ки дар Тоҷикистон сулҳ барқарор шавад. Хотираи сиёсӣ ва ҳуқуқии миллати мо таърихан падидаҳои назму тартиб, адлу инсоф, қонуну қонуният ва сарвару тартиботро дар марҳилаҳои муайяни афкори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ аксаран рамзан баробарвазну ҳаммаъно қабул кардаанд. Ин аст, ки бо гузашти айём сарварони машҳури ниёгони худро ба мисли Ҷамшедшоҳи додрас, Анушервони одил, Исмоили адолатпешаю девори Бухоро мешиносем. Инҳо сарварони сиёсии мо буданд, ки бо рамзҳои муайяни мусбат симои сарвариро васл намуданд. Айнан чунин рисолатро мо дар шаклу рамзҳои мухталиф дар симои дигар ҳокимони Шарқ ва ҳатто Ғарб мебинем, ки онҳо низ бо арҷгузорӣ аз эшон илми сарваршиносии худро аз қутбҳои мухталиф такмил додаанд. Худи мактаби падарон – асосгузорони давлати Амрико чи иззату эҳтиром ва нақши таърихӣ дар кори давлатсозии эшон бозидааст.
Аз ин дидгоҳ китоби дарсӣ шудани падидаи Сарваршиносӣ дар асоси мактаби давлатдории Пешвои миллат иқдоми саривақтӣ аст. Президенти мо рисолати давлатсозию ваҳдатофариро якҷо дар шароити вазнин бар дӯш гирифтанд, миллатро дар шоҳроҳи тамаддуни давлатдорӣ бо ҳифзи арзишҳои миллӣ ва башарӣ ҳамовоз ба роҳ бароварданд. Имрӯз вазифаи аввалиндараҷа ва муҳим ҳифз ва пайгирӣ аз ҳамин роҳ аст. Бинобар он, ҳамчун китоби дарсӣ рӯи кор омадани фанни таълимии Сарваршиносӣ аҳамияти бузурги тарбиявиро дар ин шоҳроҳ доро аст.
Китоби дарсӣ аз сарсухан, ду фасл, шонздаҳ боб, охирсухан ва рӯйхати адабиёт иборат аст.
Объекти фанни таълимиро сарварии сиёсӣ ва ҷанбаҳои мухталифи он ташкил медиҳанд, предмети онро бошад, мақом ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат дар ташаккул ва инкишофи давлатдории миллии тоҷикон муайян мекунад.
Фасли аввал «Асосҳои назариявию методологии омӯзиши масъалаи сарварии сиёсӣ» – чор бобро дар бар гирифта, ба масъалаҳои объект, предмет ва методҳои фанни сарваршиносӣ, мафҳум, таснифот ва вазифаҳои сарварии сиёсӣ, ташаккули таърихии андеша ва назарияҳо оид ба сарварӣ, инчунин тамоюлҳои инкишофи сарварии сиёсӣ дар замони муосир бахшида шудааст. Дар ин фасл муаллифон хусусияти байнифаннии сарваршиносиро асоснок намуда, таъкид мекунанд, ки ин масъала дар доираи сиёсатшиносии назариявӣ ва амалӣ, менеҷменти сиёсӣ, антропологияи сиёсӣ, психологияи сиёсӣ, сотсиология, фалсафа, иқтисодиёт ва дигар илмҳо омӯхта мешавад.
Фасли дуюм «Ниҳоди сарварии сиёсӣ дар мисоли мактаби давлатдории Пешвои миллат» аз дувоздаҳ боб иборат буда, фаъолияти Сарвари давлатро дар самтҳои гуногун вобаста ба марҳила: аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва ибтидои давлатсозӣ то сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва ҳарбӣ, ташаккули худшиносии миллӣ, татбиқи консепсияи ваҳдати миллӣ, сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи муосир мавриди таҳлил қарор медиҳад. Чунин сохтор имкон медиҳад, ки донишҷӯ аввал асосҳои назариявии сарвариро аз худ намуда, сипас онҳоро дар мисоли мушаххаси таҷрибаи давлатдории тоҷикон дарк намояд.
Қобили қайд аст, ки дар китоб дар баробари андешаҳои муҳаққиқони ғарбӣ ва русзабон, ба мероси мутафаккирони аҳди қадим ва асримиёнагии тоҷику форс оид ба мақоми сарварӣ боби алоҳида ихтисос дода шудааст. Ин равиш на танҳо доираи сарчашмаҳоро васеъ мегардонад, балки собит месозад, ки андешаи давлатдорӣ ва роҳбарии оқилона дар фарҳанги сиёсии халқи тоҷик решаҳои амиқи таърихӣ дорад.
Фасли дуюми китоб бо фаровонии маводи воқеӣ ва таҳлили марҳилаҳои мушаххаси таърихи навини Тоҷикистон фарқ мекунад. Муаллифон бо истифода аз ҳуҷҷатҳо, ёддоштҳо ва маводи видеоӣ шароити душвори солҳои аввали роҳбарии Сарвари давлатро нишон медиҳанд. Аз ҷумла чунин ҳолате, ки беш аз ду сол Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур аз оила ва фарзандон дар ҳуҷраи хурдакаки корӣ зиндагӣ карда, тамоми нерӯи худро ба ҳадафи асосӣ – барқарорсозии сулҳ равона намуда буд, на фақат шаҳодати таърихи давлатсозии Президент мебошад, балки як намунаи сарсупурдагии Эмомали Раҳмон барои насли имрузаи ҷавонон аст, ки бояд мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирад. Ё худ ба андешаи муаллифон парвози Президент дар охири соли 1996, дар арафаи баимзорасии Созишномаи умумӣ, ба Хосдеҳи Афғонистон барои вохӯрӣ бо роҳбари мухолифини яроқнок, ба таври сазовор аз нияти ҷазм ва ҷасорати беназири Роҳбари давлат гувоҳӣ медиҳад.
Бобҳои минбаъда ба сиёсати иҷтимоӣ, ки дар таҳлили он муаллифон ба таълимоти Афлотун, Арасту ва мутафаккирони Шарқ такя мекунанд, сиёсати ҳуқуқӣ ва раванди амалишавии он, нақши забони давлатӣ ва арзишҳои миллӣ, ташкили артиши миллӣ, худшиносии миллӣ ва сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» бахшида шудаанд.
Аз нуқтаи назари исломшиносӣ ва омӯзиши равандҳои динии ҷомеаи муосир китоб як қатор андешаҳои хеле муҳимро дар бар мегирад. Пеш аз ҳама, таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки дар китоб ҳамчун намунаи беҳтарин ва мактаби сабақомӯз барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардидааст, бевосита ба масъалаи ҳамзистии нерӯҳои гуногуни сиёсӣ, аз ҷумла қувваҳое, ки бо шиорҳои динӣ баромад мекарданд, дар чаҳорчӯби давлати ягона рабт дорад. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон собит намуд, ки муколама, гузашт ва ҳифзи манфиатҳои умумимиллӣ аз ҳар гуна ихтилофоти ғоявӣ болотар аст. Дар ин замина муаллифон ба аввалин суханони Президент дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, ки «Халқ гуноҳ надорад», ишора намуда, нишон медиҳанд, ки сиёсати Сарвари давлат аз оғоз ба муттаҳид сохтани ҷомеа, на ба тақсими он аз рӯи нишонаҳои маҳалгароӣ ва ақидатӣ нигаронида шуда буд.
Муаллифон инчунин дуруст таъкид мекунанд, ки Сарвари давлат моҳияти меҳварии консепсияи ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёдро дар пояи вижагиҳои манфиатҳои миллӣ, таърихӣ ва динии тоҷикон таъйид намудааст. Ин нукта барои фаҳмиши модели дунявии давлатдории Тоҷикистон калидӣ мебошад. Дунявият дар ин модел ба маънои бегонагӣ аз дин набуда, балки кафолати озодии виҷдон, баробарии шаҳрвандон новобаста аз эътиқод ва эҳтиром ба мероси маънавии мардумро нишон медиҳад. Принсипи ҳамзистии осоишта ва ҳамсоягии нек, ки ба қавли муаллифон ба рӯҳу анъанаҳои мардуми сулҳпарвару фарҳангдӯст пурра ҷавобгӯ буд, ба назари мо, бо суннати мӯътадил ва таҳаммулгарои мазҳаби ҳанафӣ, ки асрҳо боз дар ҷомеаи тоҷик ҷой дорад, ҳамоҳанг мебошад. Аз ин рӯ, маводи китоб барои муқовимат бо падидаҳои ифротгароӣ ва радикализми динӣ, ки имрӯз барои амнияти минтақа ва ҷаҳон хатари ҷиддӣ доранд, аҳаммияти амалӣ дорад. Омӯзиши таърихи начандон дури кишвар ба насли ҷавон имкон медиҳад, ки оқибатҳои харобиовари истифодаи дин ба ҳадафҳои сиёсӣ ва тафриқаандозиро дар ҷомеа дарк намуда, дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ҳувияти шаҳрвандӣ ва садоқат ба арзишҳои давлати соҳибистиқлол тарбия ёбад.
Аз ҷиҳати методӣ китоб ба талаботи китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пурра ҷавобгӯ мебошад. Забони он равон ва фаҳмо буда, мафҳумҳои асосии илмӣ шарҳи дақиқ ёфтаанд. Муаллифон ба сарчашмаҳои муътамад, ҳуҷҷатҳои расмӣ, асарҳои олимони ватанию хориҷӣ ва ёддоштҳои шоҳидони воқеаҳо, аз ҷумла асарҳои С.С. Ятимов ва Р.Ҳ. Раҳимзода бамаврид ва асоснок истинод менамоянд. Чуноне ки худи муаллифон қайд мекунанд, китоб пеш аз ҳама барои донишҷӯёни ихтисосҳои сиёсатшиносӣ, идораи давлатӣ ва менеҷменти сиёсӣ пешбинӣ шудааст, вале ҳамзамон барои сиёсатмадорон, файласуфон, ҷомеашиносон, омӯзгорон ва доираи васеи хонандагоне, ки ба масъалаҳои давлатдорӣ ва таърихи навини кишвар таваҷҷуҳ доранд, судманд мебошад.
Бо мақсади боз ҳам самараноктар гардидани истифодаи китоб дар раванди таълим, ба назари мо, дар нашрҳои минбаъда илова намудани луғати мухтасари истилоҳоти асосии сарваршиносӣ ва феҳристи номҳо мувофиқи мақсад мебуд. Инчунин, дар охири ҳар боб ҷой додани маҷмуаи саволҳои санҷишӣ ва назоратӣ, саволҳои тестӣ, мавзуъҳо барои баҳсу муҳокима ва супоришҳои амалӣ метавонад ба таҳкими донишҳои назариявӣ, санҷиши сатҳи азхудкунии маводи таълимӣ ва ташаккули қобилияти таҳлиливу мустақилонаи донишҷӯён мусоидат намояд. Илова бар ин, тавсияҳои методӣ оид ба иҷрои корҳои мустақилона имконият фароҳам меорад, ки китоб на танҳо ҳамчун манбаи омӯзиши маводи назариявӣ, балки ҳамчун воситаи мукаммали ташкили фаъолияти таълимӣ ва таҳқиқотии донишҷӯён низ истифода гардад.
Тарҷумаи китоб ба забонҳои русӣ ва англисӣ низ имкон медиҳад, ки таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат ба доираи васеътари муҳаққиқон ва хонандагони хориҷӣ дастрас гардад. Инчунин имкон дорад дар оянда аз нуктаҳои муҳимму ибратбахши асари мазкур як донишномаи мухтасари сиёсӣ ҷиҳати ифодаи дурусти нақши сиёсии Пешвои миллат дар равнади давлатсозии навини точикон барои муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ омода намуд.
Хулоса, китоби дарсии «Сарваршиносӣ дар асоси мактаби давлатдории Пешвои миллат» асари ҷиддӣ, саривақтӣ ва дорои арзиши баланди илмию таълимӣ буда, барои дарки амиқи моҳияти сарварии сиёсӣ ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон саҳми арзанда мегузорад. Китобро ҳамчун воситаи асосии таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, инчунин барои курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ва мутахассисони соҳаи дин истифода бурдан ба манфиати кор аст.
Холиқзода А.Ғ. Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
Баҳромбеков В.А. - Мудири шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,н.и.ф., дотсент