ТОҶИКИСТОН ДАР НИЗОМИ АМНИЯТИ ҶАҲОНӢ: ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ АМНИЯТ ВА СУБОТИ ҶОМЕА

images (62).jpg

Дар замоне, ки дар бисёр гӯшаҳои сайёра ҷангу низоъҳо, терроризм ва ҷинояткории муташаккил афзоиш ёфтаанд, амният ба яке аз арзишҳои олии ҳар як ҷомеа табдил ёфтааст. Инсон пеш аз ҳама мехоҳад дар хонаву кӯчаи худ ором бошад, фарзандонаш бетарсу ҳарос ба мактаб раванд ва шабона бе хавотирӣ ба хона баргарданд. Аз ҳамин нигоҳ, натиҷаҳои охирини пажӯҳишҳои байналмилалӣ барои мардуми тоҷик сабаби ифтихор мебошанд: Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ҳамчун яке аз амнтарин кишварҳои ҷаҳон эътироф гардид.

Ширкати амрикоии Gallup яке аз маъруфтарин муассисаҳои омӯзиши афкори ҷамъиятӣ дар ҷаҳон аст. Ҳар сол он «Гузориши ҷаҳонии амният» (Global Safety Report)-ро нашр мекунад, ки дар асоси пурсиши садҳо ҳазор нафар сокинони зиёда аз 140 кишвар омода мешавад. Яке аз нишондиҳандаҳои асосии ин гузориш «Индекси қонуният ва тартибот» (Law and Order Index) мебошад. Он бо чор савол муайян карда мешавад: 1) оё шумо шабона дар маҳаллаи худ танҳо бехатар гаштугузор карда метавонед; 2) оё ба пулиси маҳаллӣ эътимод доред; 3) оё дар як соли охир аз шумо ё аъзои оилаатон чизе дуздида шудааст; 4) оё дар як соли охир ба шумо ҳамла шудааст ё не.

Дар гузориши соли 2025 Тоҷикистон дар байни кишварҳои амнтарини ҷаҳон ҷои дуюмро ишғол намуда, аз рӯи Индекси қонуният ва тартибот 97 хол аз 100 ба даст овард, ки баландтарин натиҷа дар ҷаҳон буд. Мувофиқи ҳамин гузориш, 95 фоизи сокинони кишвар изҳор доштанд, ки шабона танҳо гаштан барояшон бехатар аст. Gallup таъкид кардааст, ки нишондиҳандаи Тоҷикистон аз соли 2018 инҷониб пайваста аз 90 боло мебошад.

Гузориши навбатӣ, ки дар соли 2026 дар асоси маълумоти соли 2025 нашр гардид, ин мавқеъро боз ҳам мустаҳкам кард. Тоҷикистон бо 96 хол дар Индекси қонуният ва тартибот ҷои аввалро дар ҷаҳон гирифт. Пас аз он Сингапур ва Аморати Муттаҳидаи Араб (95 хол), Ветнам (94), Баҳрайн ва Исландия (93 хол) ҷой гирифтаанд. Нишондиҳандаи миёнаи ҷаҳонӣ ҳамагӣ 80 холро ташкил медиҳад. Яъне Тоҷикистон на танҳо аз кишварҳои ҳамсоя, балки аз бисёр давлатҳои пешрафтаи Аврупо ва Осиё пеш гузаштааст.

Барои муқоиса: дар гузориши соли 2025 Ӯзбекистон бо 91 хол ҷои 13-ум, Қирғизистон бо 85 хол ҷои 45-ум ва Қазоқистон бо 82 хол ҷои 63-юмро гирифта буданд. Дар минтақаи пасошӯравӣ Тоҷикистон бемуҳобот пешсаф аст.

Ин натиҷа худ аз худ ба даст наомадааст. Дар солҳои 90-уми асри гузашта мардуми тоҷик даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронд, ки ҳазорон нафарро ба коми марг кашид ва садҳо ҳазор нафарро гуреза сохт. 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумӣ дар бораи барқарории сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин рӯз ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ ба таърихи кишвар ворид гардид.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳон ҳамчун намунаи нодири ҳалли осоиштаи низоъ эътироф шудааст. Мардуме, ки арзиши сулҳро бо хуну ашк фаҳмидаанд, онро чун гавҳари бебаҳо ҳифз менамоянд. Маҳз ҳамин хотираи таърихӣ имрӯз яке аз пояҳои асосии оромии ҷомеа ба шумор меравад.

Омилҳои асосии амнияти кишвар дар аввал, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Тибқи пурсиши Gallup, сокинони Тоҷикистон ба кори пулиси маҳаллӣ эътимоди баланд доранд. Ҳузури мунтазами кормандони тартибот дар кӯчаҳо, корҳои пешгирикунанда дар байни ҷавонон ва ҳамкорӣ бо аҳолӣ ба паст шудани шумораи дуздиву ҳамлаҳо мусоидат мекунанд.

Омили дигаре, ки таъсири худро расонидааст ин анъанаҳои миллӣ ва нақши ҷомеа. Дар фарҳанги тоҷикон маҳалла, ҳамсоягӣ ва эҳтироми калонсолон мақоми хосса доранд. Мардум ҳамдигарро мешиносанд, ба тарбияи наврасон якҷоя аҳамият медиҳанд ва дар ҳалли мушкилот ба ҳамдигар ёрӣ мерасонанд. Чунин назорати иҷтимоии табиӣ барои ҷинояткорӣ фазои кам боқӣ мегузорад.

Омили сеюм ин оила ва арзишҳои маънавӣ. Оилаи тоҷик одатан бузург ва муттаҳид аст. Ҳурмати падару модар, шарм аз маломати ҷомеа ва арзишҳои динию ахлоқӣ инсонро аз роҳи нодуруст бозмедоранд.

Омили дигаре, ки таъсири худро дар амнияти давлат гузоштааст ҳифзи сарҳад ва мубориза бо таҳдидҳои беруна. Тоҷикистон бо Афғонистон зиёда аз 1300 километр сарҳади умумӣ дорад. Бо вуҷуди ин, қувваҳои мусаллаҳ ва сарҳадбонони кишвар бо дастгирии шарикони байналмилалӣ бар зидди қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва ифротгароӣ мубориза бурда, оромии дохили кишварро таъмин менамоянд.

Амнияти Тоҷикистон аз вазъи минтақа ҷудо нест. Аз ин рӯ, кишвар дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунад. Тоҷикистон бо ҳамсояҳо, хусусан бо Ӯзбекистон, оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ, қочоқ ва ифротгароӣ ҳамоҳангиро тақвият медиҳад. Ташаббусҳои кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид, бахусус дар масъалаҳои об ва мубориза бо маводи мухаддир, обрӯи Тоҷикистонро ҳамчун шарики боэътимод баланд бардоштаанд.

Ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ бо ҳамсояҳо низ ба таҳкими оромии минтақа мусоидат мекунад. Вақте ки ҳамсояҳо дар сулҳ зиндагӣ мекунанд, сокинони деҳоти наздисарҳадӣ ҳам метавонанд бехавотир кор кунанд, тиҷорат пеш баранд ва фарзандони худро тарбия намоянд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки имруз қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Маҳз онҳо имрӯз ҳадафи асосии гурӯҳҳои ифротӣ ва тарғиботи зараровар дар шабакаҳои иҷтимоӣ қарор доранд. Аз ин рӯ, амнияти фардо пеш аз ҳама аз он вобаста аст, ки ҷавонони имрӯза то чӣ андоза босавод, касбӣ ва дорои ҷаҳонбинии солим бошанд.

Таҳсил, варзиш, омӯзиши касбҳои замонавӣ ва барномасозӣ, фаъолияти созанда дар интернет ҷавононро аз роҳҳои нодуруст дур нигоҳ медоранд. Ҷавоне, ки ҳадаф ва нақшаи зиндагӣ дорад, ба доми фиребгарон намеафтад. Ҳамчунин ҳар як ҷавон бояд донад, ки иттилооти шубҳанокро дар интернет бояд санҷид ва паҳн накард, зеро овозаҳои бардурӯғ низ ба оромии ҷомеа зарар мерасонанд.

Ҳамин тариқ, амният танҳо вазифаи милитсия ва сарҳадбонон нест. Он аз масъулияти ҳар як шаҳрванд оғоз мешавад: аз риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ то эҳтиром ба ҳамсоя ва ғамхорӣ дар ҳаққи наврасон.

Бояд зикр намуд, ки амният на танҳо арзиши иҷтимоӣ, балки сармояи бузурги иқтисодӣ низ мебошад. Сайёҳи хориҷӣ ҳангоми интихоби самти сафар пеш аз ҳама ба бехатарии кишвар диққат медиҳад. Ҷойгоҳи баланд дар рейтингҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки худро ҳамчун макони ҷолиби сайёҳӣ муаррифӣ кунад: кӯҳҳои Помир, кӯлҳои Ҳафткӯл ва Искандаркӯл, шаҳрҳои бостонии Хуҷанд ва Панҷакент ва меҳмоннавозии беназири мардуми тоҷик.

Ҳамчунин сармоягузорони хориҷӣ маблағи худро дар он ҷое мегузоранд, ки сулҳу суббот пойдор аст ва хавфҳо пешбинишавандаанд. Аз ин рӯ, ҳар як фоизи иловагии эҳсоси амният дар ниҳоят ба ҷойҳои нави корӣ, рушди тиҷорат ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум табдил меёбад.

Имруз Тоҷикистон кишварест, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ гузашта, ба яке аз амнтарин давлатҳои ҷаҳон табдил ёфтааст. Ҷои аввал дар Индекси қонуният ва тартиботи Gallup натиҷаи заҳмати мақомоти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва арзишҳои маънавии худи мардум аст. Вазифаи ҳар яки мо, хусусан ҷавонон, он аст, ки ин неъматро қадр кунем, қонунро риоя намоем ва барои ободию оромии Ватан саҳм гузорем. Зеро амният асоси ҳама гуна пешрафт ва хушбахтии инсон мебошад.

Раҳимов Анваршо Зуҳурович - ходими калони илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

readers loved this