ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ
Мавзуи мавриди назар аз ду ҷиҳат муҳимму хотирмон мебошад: аввалан, Истиқлолияти давлатӣ аз волотарин ва муқаддастарин арзишҳои инсонӣ маҳсуб меёбад ва сониян, дар меҳвари ин Истиқлолият Президенти маҳбуби кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад. Ин ду мафҳум, ду падидаи таърихӣ-Истиқлолият ва Президент бо ҳам тавъаманд ва онҳоро бе якдигар тасаввур кардан ғайри имкон аст.
Таҳқиқу баррасии нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди маориф дар муайян намудани мавқеи сиёсӣ ва муносибату таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии кишвар ба ин самти соҳаи иҷтимоӣ муҳиму арзишманд мебошад, зеро илму маориф дар сиёсати иҷтимоӣ мавқеи меҳварӣ дошта, ҳамеша зери таваҷҷуҳи хосаи давлату ҳукумат қарор гирифтааст. Барои тақвияти фикри хеш мехоҳам андешаҳои Президентро дар оғози суханронӣ пешниҳоди Шумо намоям:
“Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад.”
Ҳозирини гиромӣ, яке аз заминаҳои муҳими ташаккул ва рушди маориф таҳия ва қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа мебошад. Маҳз бо ташаббус, дастур ва пешниҳодҳои Президенти мамлакат заминаи ҳуқуқии соҳаи маориф танзим ва фаъолияти минбаъдаи он таъмин гардидааст. Зеро бе пояи меъёриву ҳуқуқӣ ва ташаккулу такмили он танзими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, муайян намудани ҳуқуқу уҳдадориҳои иштирокчиёни ҷараёни таълиму тарбия, фаъолияти тадрисӣ, тарбиявӣ, молиявӣ ва ташкилии муассисаҳо, ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил, рушди минбаъдаи соҳа ғайриимкон мебошад.
Дастуру супоришҳои Президенти мамлакат дар ҷаласаҳои ҳукумат, ташаббусу пешниҳодҳо дар Паёмҳои ҳамасола ба Маҷлиси Олӣ, суханрониҳо дар Рӯзи дониш, мулоқотҳо бо аҳли илму маорифу адаб ва ғайра сарчашмаҳои муҳими ҳуқуқэҷодкунии соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Дар замони Истиқлолият 12 қонун, 61 созишномаи байниҳукуматӣ, 7 фармони Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 87 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 8 стратегия, 10 консепсия, 27 барномаи давлатӣ ва 40 низомнома қабул гардидааст. Ҳамзамон, 22 фармоиши вазири маориф ва илм аз қайди давлатӣ гузаронида шуда, 133 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла, созишнома, шартнома, протокол, тафоҳумнома, меморандум ва ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаву ташкилотҳои байналмилалӣ ба имзо расидааст.
Қабули 11 қонун дар соҳаи маориф дар ташаккули низоми мустақили қонунгузории миллӣ аҳамияти бунёди дошта, асосҳои сиёсати давлатӣ, ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил, принсипҳои фаъолият муассисаҳои таълимӣ ва муносибатҳои асосии соҳавиро муайян менамояд. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд, барои муайян намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ва таъмини механизмҳои амалии рушди соҳа замина гузоштаанд.
Дар маҷмуъ, ташаббусу ибтикорот ва сарпарастии бевоситаи Роҳбари давлат дар самти ташаккулу такмили заминаи ҳуқуқии соҳаи маориф бозгуи сиёсати пайгиронаи иҷтимоии давлату ҳукумат дар рушди соҳаи маориф мебошад.
Яке аз дастовардҳои муҳим ва нодири 35-соли замони Истиқлол сол ба сол афзоиш ёфтани маблағгузории соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд дар солҳои аввали Истиқлол имкониятҳои молиявии давлат маҳдуд буданд, солҳои минбаъда аз буҷети давлат ба соҳаи маориф маблағҳои калонтарин ҷудо гардидааст.
Дар буҷети давлатии соли 2026 барои соҳаи маориф 13 миллиарду 677 миллиону 300 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2020 наздики 2,7 баробар, нисбат ба соли 2001 зиёда аз 224 маротиба зиёд буда, 7 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва 20,4 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо гувоҳи мавқеъ ва ҷойгоҳи маориф дар сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат буда, ба гуруҳи кишварҳои хос мебошанд, ки рушди сармояи инсонӣ ҳамчун стратегияи давлатӣ муайян шудааст.
Рушди соҳаи маорифро бе таҳкими пояи моддӣ-техникӣ тасаввур кардан муҳол аст. Сохтмону азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, таъмиру тармим, таҷҳизоту технологияҳои муосир, мизу курсӣ, китобҳои дарсӣ ва ғайраву ғайраҳо заминаҳои фаъолияти муътадили муассисаҳои таълимиро таъмин менамояд. Дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 4135 бинои муассисаи таълимӣ, бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 1 миллиону 777 ҳазор ҷои нишаст дар ду баст ба маблағи 8 миллиарду 360 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Сохтмону азнавсозии муассисаҳои таълимӣ дар чанд самт сурат гирифтааст: пайдоиши маҳалаҳои нави аҳолинишин; таъмиру азнавсозии муассисаҳои амаликунанда; сохтмони мактабҳои нав дар заминаи мактабҳое, ки нимаи аввали асри гузашта сохта шудаанд ва ягон намуди таъмирро қабул надоранд; афзоиши аҳолӣ (масалан соли 2021 синфи 11-ро 117658 нафар хатм ва ба синфи 1 зиёда аз 230 ҳазор хонанда қабул гардидааст, ки 112342 фарқиятро ташкил медиҳад).
Ба ҳолати соли 2026 вазъи омории соҳаи маориф чунин аст: Шумораи муассисаҳои томактабӣ 831 адад бо фарогирии зиёда аз 134 ҳазор кӯдак, маркази инкишофи кӯдак 3154 адад бо фарогирии зиёда аз 182 ҳазор кӯдак; 4056 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 2 миллиону 462 ҳазор хонанда.
Барои равшании андешаҳо зинаи таҳсилоти олиро ба таври муқоиса баён месозем: соли 1992 дар мамлакат 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият мекард, ки 70 ҳазор донишҷӯро дар бар мегирифт. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба 51 адад расидааст, ки дар онҳо зиёда аз 226 ҳазор донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
Нишондиҳандаҳои рушд дар тамоми самтҳои соҳаи маориф хеле зиёд ҳастанд ва ин нишондиҳандаҳо дар суханрониҳои Президенти мамлакат ва дигар сарчашмаҳо дастраси ҳамагон гардидааст.
Мехоҳам андешаҳои хешро доир ба чанд падидаи замони Истиқлол, ки бо иқтидомоти давлату ҳукумат ва ташаббусу паёмҳои бевоситаи Президенти кишвар амалӣ гардидаанд, баён намоям. Ин падидаҳо дар низоми маориф навгониҳои сирф миллӣ буда, таҷрибаи кишвари мо дар ин самт мебошад.
1. Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз соли 1997 то имрӯз тавассути ин барнома зиёда аз 28 ҳазор нафар ҷавонон, аз ҷумла, беш аз 18 ҳазор духтарон имкони таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро пайдо карданд.
2. Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон . Аз 1 январи соли 1997 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки тадриҷан тамоми зинаҳои таҳсилот МТМУ, МТОК ва аспирантура фаро гирифтааст. Шумора ва андозаи стипндия аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
3. Мактабҳои Президентӣ. Мактабҳои Президентӣ муассисаҳои типи нави соҳаи маориф буда, таҷрибаи Тоҷикистон барои кишварҳои дигар мактаби омӯзишу намуна мебошад. Айни замон дар ҷумҳурӣ 17 адад мактабҳои Президентӣ ва литсей барои хонандагони болаёқат фаъолият намуда истодааст.
4. Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Россия ва Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд, Кӯлоб, Турсунзода низ муассисаҳои типи нав буда, аз нигоҳи сохтор, тобеият, фаъолият байнидавлатӣ мебошанд.
5. Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии касбии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон дар замони хеш лоиҳаи инноватсионие буд, ки аналогияи худро дар таърихи низоми маориф надошт. Дар вазнинтарин марҳилаи таърихи истиқлол соли 1996 бо ибтикори бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин муассисаи муштараки байнидавлатӣ таъсис дода шуд. Идоракунӣ, маблағгузорӣ, барнома ва стандартҳои таълимӣ, ду дипломи намунаи давлатӣ аз хусусиятҳои фарқкунандаи ин Муассиса аз дигар донишкадаву донишгоҳҳо маҳсуб меёбад. Чунин донишгоҳҳо дар маҷмуъ 4 адад мебошанд.
6. Озмунҳои ҷумҳуриявӣ. Бо ташаббуси Президенти кишвар озмунҳои ҷумҳуриявӣ “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, “ Тоҷикистон ватани азизи ман” таъсис дода шуданд, ки бо хусусияту моҳияти худ мактаби омузишу сабақ мебошанд. Дар ҳамин радиф тақдими китобҳои “Тоҷикон”-и академик Б. Ғафуров, “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳар як хонадон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон падида ва таҷрибаи сирф миллии мо мебошад.
Шояд дар ҷаҳон кишваре пайдо нашавад, ки дарси нахустин дар оғози соли таҳсил аз ҷониби Роҳбари олии он кишвар баргузор гардад. Ҳамасола дар кишвари мо Рӯзи дониш, яъне саршавии соли таҳсил бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи “Дарси сулҳ” оғоз мегардад. Ҳаминро бояд таъкид кард, ки дар ин Дарси сулҳ хонандагони синфҳои 1 то 11, донишҷӯёни курсҳои 1-4, аспирантҳо, устодону омузгорон марҳила ба марҳила ҳамасола бевосита иштирок менамоянд. Дар натиҷа аз ибтидо то ба имрӯз ҳамаи мардуми кишвар иштирокчии Дарси сулҳ гардидаанд. Хушбахтона, мояи ифтихор аст, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди бевоситаи Пешвои Миллат қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳо 2027-2036” қабул гардид. Дар натиҷа таҷрибаи сулҳи тоҷикон, андешаи миллии сулҳ аз ҳудуди як кишвар хориҷ гардида, бо миқёси байналмилалӣ ворид ва ба сарнавишту тақдири ояндаи наслҳо пайваст шуд.
Мехоҳам чанд андешаи хешро дар ҳошияи суханронии Президенти мамлакат дар Рӯзи дониш хеле мухтасар баён созам. Аз нигоҳи банда суханронии имсолаи Роҳбари давлат ҷамъбасти соҳаи маориф дар 35-соли Истиқлолият буда, аҳамияти махсуси стратегӣ дошт. Зеро аз оғоз то анҷоми суханронӣ як андешаи меҳварӣ пайгирӣ мешавад: дурнамои ояндаи Тоҷикистон аз камолоти инсоне вобаста аст, ки имрӯз дар мактаб тарбия меёбад.
Нуктаи дигари муҳими суханронӣ ин аст, ки пас аз зикри дастовардҳо, талабот ва арзишҳои наву олӣ пешниҳод мегардад: акнун натиҷаи иҷтимоӣ ва зеҳнӣ дар самти маориф бояд бештару хубтар эҳсос шаванд.
Ин тағйири нуқтаи назар барои сиёсати маориф бисёр муҳим мебошад. Солҳо пеш мушкили асосӣ метавонад набудани синфхона, ҷойи нишаст, китоб ё омӯзгор бошад. Имрӯз, дар баробари ҳалли чунин масъалаҳо, саволи мураккабтар пеш меояд: хонанда пас аз ёздаҳ соли таҳсил ба кадом сатҳи илму дониш расидааст ва то кадом андоза мустақилияти фикру андеша дорад? Оё донишҷӯ пас аз хатми донишгоҳ танҳо диплом мегирад ё воқеан соҳиби касб мешавад?
Таъкиди Сарвари давлат, ки «ба мо, пеш аз ҳама, мутахассис зарур аст, на ҷавоне, ки танҳо соҳиби диплом аст», бояд ҳамчун яке аз муҳимтарин меъёрҳои марҳалаи нави сиёсати таҳсилоти касбӣ қабул карда шавад. Ин андеша масъалаи хеле бузургро фаро гирифтааст: рейтинги арзиши таҳсилоти кишварро дигар танҳо шумораи муассиса, донишҷӯ ва диплом муайян карда наметавонад. Арзиши воқеии таҳсилотро қобилияти хатмкунанда барои ҳалли масъалаҳои зиндагӣ, истеҳсолот, иқтисод, илм ва ҷомеа муайян мекунад.
Дар баробари ҳамаи ин масъалаҳо, дар маркази суханронии Президент боз ҳам омӯзгор қарор дорад. Ин мантиқ комилан табиӣ аст. Метавон беҳтарин мактабро сохт, китобҳои замонавӣ нашр кард, синфхонаро бо технология таъмин намуд ва барномаҳои нав қабул кард, вале дар ниҳоят сифати ҳамаи онҳо ба натиҷаи ниҳоӣ дар синф аз омӯзгор вобаста мешавад. Аз ин рӯ, марҳалаи нави рушди маориф бояд марҳалаи рушди касбии омӯзгор низ бошад.
Суханронии имсолаи Рӯзи донишро метавон ҳамчун гузариш ба марҳалаи нави сиёсати маориф арзёбӣ кард. Давлат дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ барои маориф заминаи бузурги моддӣ фароҳам овард. Ҳоло вазифаи асосӣ аз он иборат аст, ки ин имкониятҳо ба сифати нави инсон табдил дода шаванд.
Мактаби нав сохтан кори бузург аст, аммо аз он бузургтар сохтани тафаккури нав дар дохили ҳамин мактаб мебошад. Китоб чоп кардан зарур аст, аммо аз он муҳимтар тарбия кардани хонандаест, ки китобро мефаҳмад, таҳлил мекунад ва аз он хулоса мебарорад. Ҷорӣ намудани технология пешрафт аст, аммо пешрафти воқеӣ замоне оғоз мешавад, ки хонанда технологияро барои офаридан истифода мекунад. Донишгоҳ хатм кардан дастовард аст, аммо дастоварди давлат замоне мебошад, ки шахси соҳибдиплом соҳиби касб низ бошад. Ва ниҳоят, донишманд шудани насл муҳим аст, вале барои давлат аз он ҳам муҳимтар ин аст, ки ин дониш бо ахлоқ, масъулият ва ватандӯстӣ ҳамроҳ гардад.
Аз ҳамин нуқтаи назар, шояд барои солҳои минбаъда зарур бошад, ки дар баробари нишондиҳандаҳои анъанавии соҳа як нишондиҳандаи муҳим дар маркази сиёсати маориф қарор дода шавад: мактаб ба ҷомеа чӣ гуна инсон медиҳад? Ҷавоби воқеӣ ба ин савол сифати маорифи моро муайян хоҳад кард.
Зеро дар ҷаҳони рақобати дониш, технология ва зеҳни сунъӣ сарнавишти давлатҳоро танҳо захираҳои зеризаминӣ муайян намекунанд. Оянда бештар ба миллатҳое тааллуқ мегирад, ки тавонистаанд захираи бузургтарини худ – инсонро кашф кунанд, омӯзонанд, тарбия намоянд ва барои офаридани фардои худ омода созанд. Ва боз ҳам андешаҳои хирадмандонаи Президенти кишвар дар паёми имсолаи хеш таъкиди ҳамин мавзуъ мебошад: “Ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаи муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам”.
Агар 35 соли Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон давраи бунёди давлат, таҳкими сулҳ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва фароҳам овардани зербинои рушди устувор бошад, даҳсолаҳои минбаъда бояд давраи бунёди сармояи зеҳнии миллат гарданд.
Ва ин сохтмони бузург аз муассисаи таълимӣ оғоз мешавад. Амиқан, аз кӯдаке оғоз мешавад, ки имрӯз бори аввал ба мактаб қадам мегузорад. Зеро Тоҷикистоне, ки мо баъди бист ё сӣ сол хоҳем дошт, имрӯз дар паси мизҳои мактабӣ нишастааст.
Муҳаммадюсуф Имомзода – академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон