СИЁСАТИ МУВАФФАҚОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ОМИЛИ ТАҲКИМИ СУБОТИ ИҶТИМОӢ ВА МАВҚЕИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН

ааааааааааааааа.png

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аҳаммияти махсуси таърихӣ дорад. Кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо буҳрони мураккаби сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардида, зарурати барқарор намудани сохти конститутсионӣ, эҳёи иқтисоди миллӣ, таъмини амнияти аҳолӣ ва барқарорсозии муносибатҳои ҷамъиятӣ ба миён омад.

Дар чунин шароити тақдирсоз бо саъю талошҳои хастанопазири Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сулҳу суббот барқарор гардида, ниҳодҳои давлатдорӣ ташаккул ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар муайян шуданд.

Имрӯз, пас аз гузашти чандин даҳсола аз оғози давраи соҳибистиқлолӣ, яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми эътирофи байналмилалии Тоҷикистон натиҷаҳои арзёбии Пажуҳишгоҳи амрикоии Gallup дар самти амнияти шаҳрвандон ва қонунияту тартибот мебошад.

Мувофиқи маълумоти Гузориши ҷаҳонии амният барои соли 2026 (Global Safety Report 2026), Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи шохиси ҷаҳонии «Қонун ва тартибот» (Law and Order Index) дар асоси натиҷаҳои назарсанҷии соли 2025 бо гирифтани 96 хол аз 100 холи имконпазир дар байни кишварҳои таҳқиқшуда мақоми якумро ишғол намуд. Ҳамчунин, Тоҷикистон соли дуюм пайиҳам дар ин шохис пешсаф буда, аз соли 2018 инҷониб нишондиҳандаҳои он дар сатҳи беш аз 90 хол қарор доранд.

Ин натиҷа на танҳо нишондиҳандаи муҳими эҳсоси амнияти шаҳрвандон, балки заминаи муносиб барои таҳлили омилҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии суботи ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

Махсусан, 93 фоизи сокинони Тоҷикистон изҳор намудаанд, ки ҳангоми шабона танҳо дар кӯчаҳои маҳалли зисташон гаштугузор кардан худро бехатар эҳсос мекунанд. Ин нишондиҳанда Тоҷикистонро дар қатори даҳ кишвари пешсафи ҷаҳон аз рӯйи эҳсоси амнияти шахсӣ қарор медиҳад.

Дар назарсанҷии соли 2025 дар маҷмуъ 143 ҳазору 620 нафар аҳолии 15-сола ва аз он боло дар 140 кишвар ва қаламрави ҷаҳон иштирок намудаанд.

Муқоисаи натиҷаҳои кишварҳои пешсаф низ ҷолиби диққат аст. Тоҷикистон бо 96 хол дар зинаи аввал қарор дошта, Сингапур ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бо 95-холӣ, Ветнам бо 94 хол ва Баҳрайну Исландия бо 93-холӣ дар зинаҳои баъдӣ ҷой гирифтаанд.

Пешсафии Тоҷикистон дар ин шохисро метавон ҳамчун натиҷаи мусбати ташаккули муҳити нисбатан устувори иҷтимоӣ ва яке аз нишондиҳандаҳои муҳими эътирофи байналмилалии кишвар арзёбӣ намуд.

Бояд таъкид намуд, ки суботи иҷтимоӣ танҳо бо таъмини тартиботи ҷамъиятӣ маҳдуд намегардад. Он пеш аз ҳама бо сатҳи зиндагии аҳолӣ, имкониятҳои шуғл, дастрасӣ ба таҳсилоту тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ алоқаманд мебошад.

Дар ин замина, яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ дар Тоҷикистон фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва тақвияти инфрасохтори иҷтимоӣ мебошад.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ сохтмони роҳҳои автомобилгард, нақбҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, инчунин рушди соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ ва хизматрасонӣ ба яке аз самтҳои асосии фаъолияти давлат табдил ёфтааст.

Татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 низ ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди сармояи инсонӣ ва густариши имкониятҳои иқтисодӣ равона гардидааст.

Мувофиқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз тақрибан 56 фоизи аҳолӣ дар соли 2010 то тақрибан 20 фоиз дар соли 2024 коҳиш ёфтааст. Ин нишондиҳанда аз тағйироти муҳим дар вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар шаҳодат медиҳад.

Яке аз хусусиятҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ иштироки фаъол дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ мебошад.

Дар ин раванд ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, ки бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид амалӣ гардиданд, мавқеи махсус доранд.

Бо пешниҳоди Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаҳои муҳимро дар самти об қабул намуд. Аз ҷумла, эълон гардидани солҳои 2018–2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» яке аз ташаббусҳои муҳимми байналмилалии кишвар мебошад.

Ҳамзамон, баргузории конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе ва иштироки намояндагони давлатҳои гуногун, созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои илмӣ ба таҳкими мавқеи Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли ҳалли масъалаҳои глобалӣ мусоидат менамояд.

Ҷанбаи дигари муҳимми сиёсати хориҷии кишвар таҳкими муносибатҳои дӯстона бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҳалли масъалаҳои минтақавӣ тавассути гуфтушунид ва роҳҳои дипломатӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, сиёсати хориҷии мутавозин ва ташаббусҳои байналмилалии Тоыикистон на танҳо ба баланд гардидани нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ, балки ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди дохилӣ ва таҳкими суботи иҷтимоӣ мусоидат намуданд. Ин натиҷаҳо далели муҳимми эътимоди шаҳрвандон ба муҳити амниятии ҷомеа ва яке аз нишондиҳандаҳои мусбати суботи иҷтимоӣ дар кишвар мебошанд.

Хушбахтона ба туфайли муваффақияти сиёсати давлатӣ сулҳу оромӣ ба шароити воқеии зиндагии осоишта, рушди инсон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои тамоми ҷомеа табдил ёфтааст.

Аз ин рӯ, натиҷаи Gallup на танҳо ҳамчун эътирофи байналмилалии Тоҷикистон арзёбӣ шуда, балки аз ҳамаи сокинони кишвар масъулияти баландро барои нигоҳдорӣ ва таҳкими минбаъдаи сулҳу субот, волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ ва рушди устувори кишвар талаб мекунад.

МАҲМАДУЛЛОЗОДА Нурулло Раҳматулло, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ

readers loved this